Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аксияи «Тозагии замин» зери шиори «Ҳифзи табиат ҳифзи Ватан аст»

ecology

Бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи миллии  уҳдадориҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба Конвенсияи  Стокголми  Созмони Милали Муттаҳид оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ дар қаламрави вилояти Хатлон аксияи «Тозагии Замин» зери шиори «Ҳифзи табиат ҳифзи Ватан аст» баргузор гашт.

Аксияи навбатии тозагии замин рӯзҳои 12-15-уми майи соли 2017 дар деҳаи Ҷовидони ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  вилояти Хатлон сурат гирифт.

Ҳадафи асосии аксияи мазкур аз  таъмини амнияти экологии аҳолии мавзеи мазкур ва минтақа иборат мебошад.

Маврид ба ёдоварист, ки дар деҳаи  Ҷовидони деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бештар аз 100 тонна  заҳрхимикатҳои  аз солҳои қаблӣ боқимонда мавҷуд буд, ки ба муҳити зисти ин мавзеъ таъсири бад расонида, ба саломатии аҳолӣ хатар эҷод менамуд.

Дар аксияи мазкур кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ташкилотҳои байналмилалии марбута, ТУТ, Фонди зиддиминаҳои швейсарӣ, САҲА, намояндагони мақомоти прокуратура, амнияти миллӣ, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар натиҷа тибқи меъёрҳои  муқарраргардида сад тонна заҳрхимикатҳо ба партовгоҳи  заҳрхимикатҳои  ноҳияи Вахши вилояти Хатлон тавассути техникаҳои махсус  интиқол ва ҷойгир карда шуда, макони ин заҳрхимикатҳо бо хоки тоза рӯйпӯш гардид.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон тасмим гирифтааст, ки дар дигар ноҳияҳое, ки анборҳои қаблии заҳрхимикатҳо ба қайд гирифта шудааст, дар доираи таъмини иҷрои уҳдадориҳои  Ҷумҳурии Тоҷикстон дар назди котиботи Конвенсияи мазкур, чунин аксияҳоро доир намояд.