Дар маҷлиси назоратӣ

11 марти соли равон маҷлиси ҳафтаи назди Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис сардорони шуъбаҳои назорати давлатии Дастгоҳи марказии Кумита, директори Агентии обуҳавошиносӣ, масъулони раёсатҳо, бахшу марказҳо ва роҳбарони лоиҳаҳо иштирок намуданд.

Раиси Кумита Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода маҷлисро оғоз намуда, тибқи супоришҳои дар протоколи маҷлиси қаблӣ додашуда масъалаҳоро аз сардорони масъулони иҷро пурсон шуд. Нахуст сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Абдусалим Ҷӯраев оид ба бурдани назорати давлатӣ дар моҳҳои январ ва феврали соли 2019, дигар фаъолияти вобаста ба Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ ҳисобот дод.

Њамчунин ҳисоботи сардорони шуъбаҳои назорати давлатӣ ва дигар сохторҳои  Кумита шунида шуд.

Ба Ҷӯраев А. супориш дода шуд, ки сабаби камфаъолиятии баъзе масъулони сохториро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳлили аниқ намуда, ба Раиси Кумита маълумоти хаттӣ пешниҳод намояд.

Таъкид карда шуд, ки оид ба  рафти маъракаи кабудизоркунию ниҳолшинонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлон таҳти назорати қатъӣ қарор гирифта, аз натиҷаи он маълумоти муфассал пешниҳод карда шавад.

Ҳамчунин, оид ба масъалаи ба танзим даровардани партовњо ба ҳавои атмомосфера дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, бурдани корҳои мақсаднок оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», аз ҷумла дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани маъракаи аксияи «Тозагии соҳил» ва пешниҳоди он ба тариқи воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ба аҳолӣ, ба роҳ мондани назорати давлатӣ ҷиҳати ба танзим даровардани партовҳои пластикӣ, ба хулосаи ҳатмии экспертизаи давлатии экологӣ фаро гирифтани иншооти дахлдор, пурра фаъол гардонидани сомонаи расмӣ ва суроғаи электронии Кумита, ҳамоҳангсозии Конвенсия ва Лоиҳаҳои татбиқшаванда, пешниҳоди саривақтии обу ҳаво ба аҳолӣ, ба номзадӣ пешниҳод намудани намояндагии Тоҷикистон дар Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаби соҳавӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бо назардошти таклифу пешниҳод ва супоришҳои додашуда аз рӯи масъалаҳои баёнгашта қарори дахлдори маҷлиси назоратӣ қабул карда шуд.