Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии масъалаҳои ҷорӣ дар маҷлиси назоратии Кумита

18 майи соли равон дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси назоратии Раиси Кумита баргузор гашт. Маҷлисро муовини Раис Ойхон  Шарипова   оғоз намуда, масъалаҳои баррасишавандаро муаррифӣ намуд, ки рӯзномаи он аз ду масъалаи мушаххас иборат буд.

Сипас аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи сардори Раёсати корҳо Вайсиддин Саидов оид ба вазъи ҳуҷҷатгузорӣ ва кор бо кадрҳо дар шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Варзоб шунида шуд. Ҳисоботи мазкур аз рӯи санҷиши қаблӣ дар шуъбаҳои мазкур сурат гирифт ва ҳамаҷониба мавриди муҳокима қарор дода шуд. Баъзан шӯъбаҳое, ки дар ин самт ба камбудиҳо роҳ дода буданд, супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис дар бораи рафти иҷрои Нақшаи кори Кумита барои нимсолаи якуми соли 2017, инчунин Нақша-чорабиниҳо, ҳуҷҷатҳои назоратӣ, супоришҳои Ҳукуматӣ ва аз ҷониби роҳбарияти Кумита додашуда буд, ки аз рӯи ин масъала муовини Раиси Кумита баромад намуд. Баъди муҳокимаи ҳамаҷонибаи масъалаҳо қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.

Дар охир О. Шарипова ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои соҳавию миллӣ, аз ҷумла 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи байналмилалии муҳити зист, 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини зерсохтор супоришҳои мушаххас дод. Ба директори Агентии обуҳавошиносӣ Ҳ. Расулзода супориш дода шуд, ки бинобар сабаби тағйир ёфтани боду ҳаво ва дар ин самт дастрас намудани иттилооти пешакии обуҳавошиносӣ ба аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешад.