Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон натиҷаҳои фосилавии фаъолияти лоиҳаи ELMARL ҷамъбаст гардид

участники конференции ELMARL

Дар Конфронси солонаи ELMARL, ки 15 майи соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз фаъолияти фосилавии лоиҳа натиҷагирӣ карда шуд.

Лоиҳаи ELMARL аз соли 2013 ҷиҳати идоракунии экологӣ ё истифодаи устуворонаи замин ва таъмини воситаҳои зиндагӣ дар деҳоти ноҳияҳои пилотии Тоҷикистон саҳми назаррас гузошт. Лоиҳаи мазкурро Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим  (PPCR) бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Фонди Глобалии Экологӣ амалӣ мегардонад. Ҳадафи лоиҳаи мазкур иборат аст аз фароҳам овардани имконияти афзуншавии сармоя барои сокинони деҳот ба он тарзе, ки идоракунии захираҳои табиӣ такмил ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим баланд бардошта шавад.

Дар Конфронси солона намояндагони ташкилоту идораҳои давлатӣ, коршиносон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва байналхалқӣ иштирок доштанд. Конфронс дар баробари расондани иттилоъ доир ба натиҷаҳои бадастовардашуда, барои табодули дониш ва таҷриба миёни минтақаҳои фарогири лоиҳа мусоидат намуда, ташаббусҳои беҳтарини ҷамоаҳоро нисбати истифодабарии устувори замин, чарогоҳистифодабарӣ ва истифодабарии об ва кишоварзии устувор нишон дод.

Аз оғози лоиҳа дар ноҳияҳои зерҳадаф ба зиёда аз 1700 зерлоиҳаҳои ташкилотҳои маҳаллӣ кӯмак расонида шуд, 16 Нақшаҳои Идоракунии захираҳои обии дохилихоҷагӣ ва 8 Нақшаҳои Идоракунии чарогоҳҳо дастгирӣ ёфтанд, бо ҷалби созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар сатҳи ҷамоатҳо ва деҳот 267 арзёбии талаботи маҳалҳо гузаронида шуд.

Дар рафти татбиқи зерлоиҳаҳо ба ташкилотҳои маҳаллӣ 36 адад тракторҳои кишоварзӣ, 6 адад экскаваторҳо харидорӣ карда дода шуд, 19 кӯпрукҳо таъмир гардид, 19 ҷои обнӯшии чорво бунёд гардид, 236 насосҳо насб карда шуд, ба масофаи 815 км каналҳои обёрӣ тоза, 514 адад маҳкамкунандаи об таҷдид, ба масофаи 59 км хатҳои таъминоти об кашида шуд, дар масоҳати 195 гектар боғҳо, аз ҷумла 3,5 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд гардид,, дар майдони 46 гектар картошка шинонида шуд, дар майдони 270 гектар гандум, дар 733 гектар замин алафҳои бисёрсола кишт гузаронида шуд, 2444 оилаи занбӯри асал, 433 сар чорвои калони шохдор, 3053 сар чорвои хурди шохдор, тақрибан 7000 дона паррандаи хонагӣ, барои коркарди шир 258 адад сепаратор харидорӣ гардид. Инчунин дар рафти амалисозии лоиҳа 115 гармхона сохта ва ҳолати 248 км. роҳҳои дохиличарогоҳӣ беҳтар гардонда шуд.

Айни замон 252332 нафар баҳрабарандагони лоиҳа мавҷуданд, 33162 хонавода ба фаъолият оид ба беҳтар намудани ҳосилхезии хок ҷалб гардиданд, бо нерӯи ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва фермерон дар майдони 22837 гектар технологияи беҳтар намудани ҳосилхезии хок ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим татбиқ гардонда шуд. Аз оғози амалигардонии лоиҳа 707 машғулиятҳои омӯзишӣ ва вохӯриҳо дар сатҳи ҷамоат ва деҳоти фарогири минтақаҳои пилотӣ гузаронида шуд. Шумораи умумии иштирокчиёни семинар 24959 нафарро ташкил мекунад.

Дар конфронси ҷамъбастии натиҷагири фосилавӣ, Гуруҳи татбиқкунандаи лоиҳа дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҷрибаҳои беҳтарин ва лоиҳаҳои устувори табиатистифодабарӣ, ки аз тарафи созмонҳои маҳаллӣ дар рафти фаъолияти лоиҳаи  ELMARL амалӣ мегардад, махсус ишора намуданд. Бахусус ба лоиҳаҳои зерин, аз ҷумла лоиҳаҳои гурӯҳҳои манфиати умум ва фермерон оид ба кам кардани сарборӣ ба чарогоҳҳо бо роҳи иваз намудани чорвои хурд бо зоти нисбатан беҳтар (н. Лахш, роҳбари лоиҳа Юсупов И.), баланд бардоштани ҳосилнокии чарогоҳ бо усули кишти алафҳои бисёрсола (н. Сангвор, роҳбари лоиҳа Додарбеков Ҳ), таъсиси нуқтаҳои обнӯшии чорво (ноҳияи Кӯлоб, роҳбари лоиҳа Давлатов Н.),  лоиҳа оид ба бунёди гармхонаҳои стандартӣ (н. Фархор. роҳбари лоиҳа Сафиева Г.), лоиҳаи агроҷангал (н. Балҷувон, роҳбари лоиҳаи Муродова Ф.), паррандапарварӣ (н.Ховалинг, роҳбари лоиҳа Шарипов С.) баҳои баланд дода шуд. Лоиҳаҳои зикргардида ба ҷуз аз доштани манфиатҳои иқтисодии ҷомеа, як қатор манфиатҳои муҳими экологӣ ва иҷтимоӣ доштанд, ки ба ин васила ба идоракунии устувори экологии заминистифодабарӣ ва беҳбудбахшии вазъи шароити зиндагонии сокинони деҳот мусоидат намуданд.

Фермерон ва истифодабарандагони замин дар оянда метавонанд барои табодули таҷриба ва донишҳои гирифтаашон аз нозукиҳои кишоварзӣ тавассути платформаи  мубодилаи иттилоот, ки айни замон дар доираи лоиҳа таъсис дода шуда истодааст, истифода намоянд.  Ин системаи  инноватсионии электронии ҳуҷҷатгардонӣ дар ELMARL тавассути ташкилоти байналмилалии Onofftech амалӣ карда мешавад ва барои баланд бардоштани иқтидори заминистифодабарандагон ва самаранок паҳн кардани маълумот доир ба таҷрибаи идоракунии устувори захираҳои  замин,  об ва таъмини устувории экологӣ дар соҳаи кишоварзӣ хизмат мерасонад.

Маълумоти бештарро аз Гуруҳи Татбиқи Лоиҳа бо суроғаи зерин дастрас кардан мумкин аст:

734034, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Шамси 5\1, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гуруҳи татбиқгарони лоиҳа. Телефон:(+992) 446-40-15-16;  почтаи электронӣ: elmarl@list.ru