Мулоқоти Раиси Кумита Д. Гулмаҳмадзода бо Роҳбари Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Олег Гучгелдиев

12  марти соли 2019 Раиси Кумитаи  ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Роҳбари Созмони озуқаворӣ   ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Олег Гучгелдиев мулоқот кард.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо оид ба ҳамкорињои Кумита бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.

Роҳбари кишвари Созмони озуқавори ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Олег Гучгулдиев роҷеъ ба дастовардҳо ва саҳми ин ташкилот дар самти мутобиқшави ба тағйирёбии иқлим, амалишавии лоиҳаҳо дар самти миллӣ ва минтақавӣ, ҳамкориҳо бо Хазинаи иқлими сабз, таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо дар самти рушди иқтидор, ба  Раиси Кумита маълумот доданд.

Инчунин ҳамоҳангсози минтақавии барномаи «Ташаббуси кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии захираҳои заминӣ (ИССАУЗР-2)» Маҳмуд Шоумаров роҷеъ ба амалишавии лоиҳаи мазкур маълумот дод.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда Раиси Кумита  Д. Гулмаҳмадзода диққати Олег Гучгелдиев ва Маҳмуд Шоумаровро ба ташкили обмонии қатрагӣ дар ҷумҳурӣ, таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо дар самти кишоварзӣ вобаста ба мутобиқшави ба тағйирёбии иқлим ташкили марказҳои омӯзишӣ  дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва гузаронидани даврҳои омӯзишӣ, амалисозии лоиҳаҳо дар самти пешгирии шӯршавии заминҳо, таҳким бахшидан ба раванди ҳамкорињо бо Хазинаи иқлими сабз ва дигар созмонҳои экологии байналмилалӣ дар амалишавии лоиҳаҳои минтақавӣ ҷалб намуд.    

Масъалаи амалишавии лоиҳаи минтақавии «Идоракунии даврагии заҳрхимикатҳо ва нобудсозии заҳрхимикатҳои дорои моддаҳои устувори  органикӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Туркия» низ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.