Вохӯрии Раиси Кумита Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Роҳбари кишвари Озуқавории Ҷаҳонӣ ҷаноби Алберто Коррея

12 марти соли 2019 вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Роҳбари кишварии Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Алберто Коррея баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо оид ба ҳамкориҳои Кумита бо Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.

Роҳбари кишварии Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ  ҷаноби Алберто Коррея роҷеъ ба дастовардҳо ва саҳми ин ташкилот  дар самти амалишавии лоиҳаҳои минтақавӣ, натиҷаи ҳамкориҳо бо институтҳои байналмилалии молиявӣ, Хазинаи иқлими сабз ба Раиси Кумита маълумоти муфассал доданд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда Раиси Кумита Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода таваҷҷӯҳи Алберто Корреяро оид ба таъхир гузошта шудани амалишавии лоиҳаи «Таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои осебпазир, ки аз нарасидани озуқаворӣ азият мекашанд, тавассути мустаҳкам намудани  иқтидор дар минтаҳаҳои куҳии Тоҷикистон», дар доираи амалишавии лоиҳа ба инобат гирифтани  сохтмони корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳким бахшидан ба раванди ҳамкориҳо  бо Хазинаи  иқлими сабз, Хазинаи глобалии экологӣ ва дигар созмонҳои  экологии байналмилалӣ дар амалишавии лоиҳаҳои минтақавӣ ҷалб намуд.

Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардида тарафҳо ба мувофиқа расиданд.