Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодзода Х. ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар ш. Душанбе, 05.06.2017

Салому дуруди бепоён ба ҳамаи Шумо, меҳмонони гиромиқадр, кормандони ҳифзи муҳити зист, намояндагони дигар мақомоти давлатӣ, омӯзгорон, хонандагон, донишҷӯён, дӯстдорони табиати зебову нотакрори Тоҷикистони азиз. Шуморо барои иштироки фаъолатон дар гузаронидани ин чорабинӣ, ки ба 45-солагии таҷлилии Рӯзи байналмилалии муҳити зист бахшида шудааст ва дар ин манзараи зеботарини пойтахти азизамон шаҳри Душанбе баргузор гашта истодааст, хайрамақдам мегӯям. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, ташкилотҳои байналмилалӣ, дигар ташкилотҳо барои мусоидат ва дастгирӣ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ин чорабинӣ миннатдории худро баён менамоям.

Кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат ҳар сол дар ин рӯз иди касбии худро қайд мекунанд. Рӯзи умумиҷаҳонии  муҳити зист чун иқдоми байналмилалӣ аз “Муроҷиатномаи Ментовӣ” ба Котиби генералии СММ сарчашма мегирад. “Муроҷиатнома”-и мазкур дар таърихи 11 майи соли 1971 аз ҷониби 2200 нафар ходимони илму фарҳанги 23 кишвари ҷаҳон ба имзо расид. Дар ҳамон сол олимон бонги хатар зада буданд, ки ифлосшавии муҳити зист ба инсоният оқибатҳои нохуш меорад. Баъд аз як сол (1972) дар пойтахти Шведсия-шаҳри Стокголм Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист доир гашт, ки дар кори он намояндагони 113 кишвар иштирок дошта, барои 5 июн ҷашн гирифтани Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист қарор қабул карданд. Аз ҳамон сол инҷониб бо ташаббуси Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, бо мақсади мусоидат намудан ба беҳдошти  вазъи муҳити зист ҳар сол 5 июн чун Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист таҷлил карда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рӯзро ҳамасола  дар сатҳи баланди ташкилию тарбиявӣ  таҷлил менамояд. Соли равон 45-солагии Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар арафаи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва баргузории чорабиниҳои Соло ҷавонон қайд мегардад. Дар доираи омодагиҳо ба ин чорабиниҳои  муҳими миллию байналмилалӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он якҷоя  бо вазорату идораҳо, дигар мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо бо мақсади таъмини амнияти экологии мамлакат, беҳдошти муҳити зист, тарбия ва маърифати экологӣ байни табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла наврасону ҷавонон корҳои муайяне амалӣ гардонида истодааст. Яке аз чорабиниҳои омодагӣ ба ин ҷашн гузаронидани озмунҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҳисоб рафта, чун анъана ҳар сол дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маърифати экологии аҳолӣ ва таъмини Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 татбиқ мегардад. Озмуни имсола байни хонандагон дар мавзӯи “Ҷаҳонро сарсабзӣ аз об аст” эълон гашт, ки мақади асосии  он ташвиқу тарғиби қабули ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқ гаштани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ мебошад.

Ҳозирони гиромӣ,

Табиатро модари башарият унвон медиҳанд, аз ин рӯ масъалаи ҳифзи муҳити зист дар мисоли муҳофизати Замин, об, ёдгориҳои таърихию табиӣ, ҳавои атмосфера, гуногунии биологӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим  ва дигар масъалаҳои экологӣ, ки дар маҷмӯъ яке аз рукнҳои асосии ҳифзи Ватан ба ҳисоб мераванд, дар замони ҳозира аз масъалаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ мегардад.  Бинобар ин вазъи экологии ҷаҳони имрӯза талаб менамояд, ки роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта бармаҳал ҷустуҷӯ карда шавад, инчунин ҳар фарди ҷомеа бояд оид ба ин масъала бетараф набошад, балки дар ҳаллу фасл ва бартараф намудани ин мушкилот саҳми худро гузорад. Ҳоло табиат дар ҳолате қарор дорад, ки агар ба таври дастаҷамъона ва қатъӣ баҳри ғамхории ӯ фаъолияти умумиро ба роҳ нагузорем, оқибатҳои ногувори он бар зарари масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии на танҳо як кишвару минтақа, балки кулли давлатҳои ҷаҳон хоҳад буд.

Ҳақиқатан ҳам, дар кабудизоркунию ободонӣ, тозагии санитарию хуррамгардонии шаҳру деҳоти  кишварамон ҷавонону наврасон саҳми арзандаи худро  гузошта истодаанд, махсусан ин кор дар доираи Соли ҷавонон хеле ҳам фаъол гаштааст. Аз аввали  соли ҷорӣ бо ташаббуси Раиси шаҳри Дӯшанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди пойтахт маъракаи 150 рӯзи ободонию ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Хуррамгардонии Душанбешаҳр-рисолати сокинони пойтахт”, бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон карда шудааст ва иштироки фаъоли аксарияти ҷавонони пойтахт дар чорабиниҳои гузаронидашуда таъмин гаштааст.

Дар ҷашни Рӯзи ҷавонони ҷумҳурӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 майи соли равон қайд намуданд, ки “наврасону ҷавонони мо бояд дар чунин рӯҳия ба воя расанд, ки  барояшон ҳар як пораи хоки  Тоҷикистон азизу муқаддас  бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург донанд”.

Итминони комил дорам,  ки ҷавонон ва ҳар як сокини мамлакат аз суханони ибратомӯзи Пешвои миллат баҳраи нав гирифта табиати Ватани азизамонро мисли гавҳараки чашм ҳифз менамоянд ва дар беҳдошти муҳити зист мавқеи фаъоли шаҳрвандии хешро нишон медиҳанд.

Кормандони Кумита хуб дарк менамоянд, ки пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар соҳаи истифода ва ҳифзи табиат назар ба бартараф намудани оқибатҳои нохуш ва аксар ислоҳнашавандаи онҳо афзалтар аст. Аз ин рӯ, ҳамаи мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар ҳама сатҳ, дар ҳама ҷо шаҳрвандони мо барои қабули қарор, фаъолияти  ҷамъиятию давлатӣ мавқеи устувору дониши хуби экологӣ нишон диҳанд. Фақат он вақт метавонем инкишофи пешраванда ва рушди устувори ҷамъияти хешро таъмин намоем.

Дар чунин фазои идона, аз ин  лаҳзаи фараҳбахш истифода намуда, ҳамаи Шумо, иштирокчиёни ин чорабинии муҳими экологӣ, тамоми  дӯстдорони табиати ҷумҳуриро бори дигар бо 45-солагии Рӯзи умумиҷаҳонии  муҳити зист табрику муборакбод гуфта, дар илмомӯзӣ, фаъолияти меҳнатии ҳаррӯзаи Шумо барори кору муваффақиятҳои меҳнатӣ баҳри ҳифзи табиати  бою рангини  Ватани маҳбубамон орзумандам. 45-умин солгарди Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборак, ҳамватанони азиз!

Саломату сарбаланд бошед!