Баргузории аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Фархор

Дар асоси фармоиши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2019 №07  рӯзи  2-уми марти соли ҷорӣ  дар ноҳияи Фархор аксияи “Тозагии маҳал-2019” гузаронида шуд. Дар аксияи мазкур ҳамаи ташкилоту  муассисаҳои  ноҳия иштирок намуданд, ки шумораи умумии иштироккунандагон 300 нафарро ташкил намуд. Ташкилоту муассисаҳо ба тоза намудани гирду атроф, сафед намудани дарахтон ва шинонидани гулу гулбуттаҳои мавсимӣ дар саҳни муассисаҳо машғул шуда, корҳои муайянро ба сомон расонданд.

Дар  аксияи мазкур   147 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ  2000  ҳазор бутта гули садбарг ва 5000 адад гулҳои гуногун шинонида шуд.

Чунин аксияҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маром идома  дорад.