Мулоқоти Раиси Кумита Д. Гулмаҳмадзода бо Сардори Раёсати иқтисод ва муҳити зисти Дафтари САҲА дар ш. Душанбе ҷаноби Филиппо Кривеаро

Санаи 15 марти соли равон мулоқоти Раиси Кумита   Д. Гулмаҳмадзода бо Сардори Раёсати иқтисод ва муҳити зисти  Дафтари Созмони Амнияту Ҳамкории  Аврупо дар ш. Душанбе  ҷаноби Филиппо Кривеаро доир гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот доир ба масъалаҳои таҳияи Нақшаи амал барои амалишавии Конвенсияи ОРХУС, ҳамкорӣ дар самти амалисозии лоиҳаҳои  «Иқтисоди   сабз», баргузории семинар барои экожурналистон  ва таҳияи зерқонунҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист табодули афкор намуданд.

Қобили тазаккур аст, ки Конвенсияи ОРХУС 9 июни соли 2001  ба тасвиб расида, ҳадафи он дастрасии озод ба иттилооти экологӣ, таъмини иштироки  аҳли ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо, дастрасӣ ба адолати судӣ мебошад.

Маркази захиравии ОРХУС  дар шаҳри Душанбе ва шаш марказҳои ОРХУС дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон барои кор бо аҳолӣ  оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ташкил карда шудаанд.