Вохӯрии Раиси Кумита Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо намояндаи Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибха Мехта

14 марти соли 2019 дар бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумита Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо намояндаи Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон  хонум Пратибха Мехта доир гардид.

Зимни  вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаи  ҳамкориҳо дар самти  мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дастгирии бахши хусусӣ дар ин самт,  ҷалби сармоя ба Тоҷикистон, ҳифзи гуногунии биологӣ, пешбурди саноат, иқтисоди сабз, платформаи  паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, омода ва пешниҳод намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба Фонди иқлими сабз  ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ҷонибҳо доир ба масъалаҳои баррасигардида ба мувофиқа расиданд.