Омӯзиши нуктаҳои матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машғулиятҳои бозомӯзӣ

Имрӯз 15 март баҳри  иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба омӯзиш ва иҷрои супоришу дархостҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дарҷ гардидаанд, байни кормандон машғулияти навбатӣ баргузор гардид.

Дар машғулияти мазкур 2 мавзӯъ оид ба «Татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, вазифаҳои минбаъдаи рушди соҳаҳои иљтимоӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Сиёсати хориҷӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаҳои риояи қонунгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байнидавлатӣ, минтақавӣ, аз ҷумла самти ҳифзи муҳити зист дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Баромадкунандагон сардори Маркази илмӣ-тадқиқотии ҳифзи захираҳои об Н. Сарабеков ва сардори Бахши робитаҳои байналмилалии Кумита М. Салимов масъалаҳои мавриди назарро ба кормандон фаҳмонда доданд.

Муовини Раиси Кумита Заррина Назарзода дар рафти машғулияти бозомӯзӣ иштирок намуда, изҳор дошт, он нуктаҳое, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат дарҷ гардидаанд, аз ҷумла масъалаҳои ба соҳаи ҳифзи муҳити зист дахлдор аз ҷониби кормандони Кумита ҳамаҷониба омӯхта шуда, аз ҷониби масъулони соҳавӣ дар нақшаҳои тарҳрезишудаи минбаъдаи Кумита ворид карда шаванд.

Дар қисмати дигари машғулият  оид ба мавзӯъҳои болозикр суолу ҷавоб сурат гирифта, маърӯзачиён ба суолҳои иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас доданд.