Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Форуми байналмилалии экологии Осиёи Марказӣ

IMG_0102

Рӯзҳои 5-7 июни соли равон дар пойтахти Туркманистон ш. Ашкобод Форуми байналмилалии экологии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар баргузории чорабинии мазкур  Кумитаи давлатии Туркманистон оид ба ҳифзи муҳити зист ва Маркази экологии минтакавии Осиёи Маркази саҳми калон доранд.
Ҳадафи баргузории Форум таҳкими хамкориҳо доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ба хотири равона кардани кӯшиши якҷоя ва ташаккули назари ягона барои расидан ба рушди устувори минтақа мебошад.
Барои иштирок ба чорабини намояндагони панҷ кишвари Осиёи Мврказӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, коршиносон даъват шудаанд. Дар кори Форум ҳайати намояндагии Тоҷикистон иборат аз мутахассисону коршиносон, таҳти рохбарии муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумрон

Абдураҳмонзода иштирок доранд.