Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамбасти озмуни «Ҷаҳонро сарсабзи аз об аст» дар вилояти Хатлон

DSCN2291

Ба  мақсади татбиқи   сиёсати давлатии  экологӣ,  амалӣ  гаштани  «Барномаи  давлатии  комплексии   рушди  тарбия ва  маърифати   экологии  аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  давраи то соли 2020», барои  омӯзиш,  ташвиқу  тарғиби  ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди  устувор», солҳои          2018-2028  байни  хонандагони  муассисаҳои   таҳсилоти  миёнаи  умумии  шаҳру  ноҳияҳои  минтақаҳои Қурғонтеппаи вилояти Хатлон дар асоси фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 14.03.2017, № 35, бо  фармоиши сардори Раёсат  аз 20. 03. 2017, № 21 барои  дарёфти Ифтихорномаи сардори Раёсати ҳифзи  муҳити  зисти  вилояти Хатлон  бахшида  ба  20-солагии Рӯзи Ваҳдати  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 45-умин солгарди Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист озмун дар  мавзуи «Ҷаҳонро  сарсабзи  аз  об  аст»  баргузор  гардид.

Ҳадаф аз  ташкили озмуни  мазкур  тарбияи  экологии  кӯдакон,  наврасон,  ҷавонон  ва  ташаккули  мавқеи  фаъоли  мактаббачагон   дар  соҳаи ҳифзи  муҳити  зист,  муносибати  эҳтиёткорона дар  фикрронӣ ва  амал,  ҷалб  намудани  онҳо ба ҳалли   муамоҳои  экологӣ,  нишон додани кори  амалӣ оид ба расонидани  кумак  ба  табиат,  дарк  намудани  раванди тағйирёбии  иқлим ва оқубатҳои бади он ба   саломатии аҳолӣ  ва  таъсири  мутақобилаи  табиат  ба инсон  мебошад.

Дар ҳамаи  15 шаҳру ноҳияҳои  минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон озмунҳои  сатҳи шаҳрию  ноҳиявӣ баргузор  гардиданд. Дар  онҳо   1215 хонанда  аз 219 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ    иштирок  карда,  аз  рӯи 9  номинатсия 1078 адад  корҳои иҷронамудаи  худро  пешкаши  ҳакамон  гардониданд.

Комиссияи  гузаронидани  озмун  ба 135 нафар  хонандагон  барои корҳои:  расми беҳтарин,  шеъри беҳтарин,  мақолаи беҳтарин,  ҳикояи  беҳтарин,  сурати  беҳтарин,  видеофилми беҳтарин,  видеоролики  беҳтарин,  кори таҳқиқоти беҳтарин,  кори  меъмории беҳтарин ва 106 хонандагон  ҷиҳати   иштироки фаъолона  дар  озмунҳои  номбурда   бо Ифтихорномаи  сардорону мудирони шуъба, бахшҳои  шаҳру ноҳияҳо  ва туҳфаҳоӣ  хотирави  сарфароз гардонида шуданд.

Ҷамбасти озмуни вилоятӣ аз рӯи корҳои беҳтарини номинатсияҳо дар рӯзи  таҷлили  Умумиҷҳонии ҳифзи муҳити зист, бахшида ба 20 солагии Рӯзи ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва иди  касбӣ 27 нафар мактаббачагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои минтаrаи Rурuонтеппаи вилоят   бо Ифтихорномаи  сардори Раёсат  ва туҳфаҳои  хотиравӣ  қадрдонӣ карда шуданд.