Баррасии масъалаҳо дар маҷлиси назоратии Кумита

18 марти соли равон бо иштироки сардорони раёсату шуъбаҳо, марказҳои Дастгоҳи марказӣ, Агентии обуҳавошиносӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Кумита маҷлиси назоратии ҳафтаинаи назди Раиси Кумита баргузор гардид.

Маҷлисро Раиси Кумита Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода оғоз намуда, тибқи тартиби кори маҷлис ҳисоботи сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ Абдусалим Ҷӯраев шунида шуд.  Ҳамчунин, масъулони раёсатҳо, шуъбаю марказҳо ва муассисаҳои илмии Кумита доир ба фаъолияти кори худ дар ҳафтаи сипаригашта ҳисобот доданд.

Сипас, Раиси Кумита сабаби баъзе супоришҳои додашударо, ки дар муҳлати муқарраршуда қисман ё пурра иҷро нагардиданд, аз масъулони соҳавӣ пурсон шуд. Дар баробари ин ба масъулон доир ба масъалаҳои кориашон супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла ба муовини Раиси Кумита    С. Абдураҳмонзода, Раёсати корҳо  супорида шуд, ки якҷо бо сардорони воҳидҳои сохторӣ ва мақомоти зертобеи Кумита нақшаи амалисозии корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии гулгаштҳои  вобасташударо дар ноҳияи Фирдавсӣ, аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то кӯчаи Мушфиқӣ, оид ба муайян намудани ҳаҷми корҳо, вобаста намудани  қитъаҳои замин ба воҳидҳои  сохторӣ ва мақомоти зертобеъ, дар рӯзҳои наврӯзӣ оғоз намудани корҳо, ба инобат гирифтани  дигар корҳои  ташкилӣ ҳаматарафа таҳлилу таҳия карда, ба Раиси Кумита пешниҳод намоянд.

Ба директории Агентии обуҳавошиносии Кумита супорида шуд, ки маълумотҳои обуҳавошиносиро барои рӯзҳои  наврӯзӣ дар доираи  ҳар як минтақаи ҷумҳурӣ, шаҳру ноҳияҳо омода намуда,  мунтазам ба воситаи ахбори омма нишон диҳад, ба Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоятҳо, шаҳру ноҳия дастрас намояд, дар сомонаи интернетии Кумита ва Агентӣ ҳар рӯз ин маълумотҳо нишон дода шаванд.

Инчунин дар бораи захираи барф, обнокии дарёҳо, сифати таркиб ва муҳлатҳои обшавии барф, офатҳои табиии бо сабаби зиёд шудани оби дарёҳо пешгӯишаванда ба маълумоти Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату хадамоти дахлдори кишвар, воситаҳои ахбори омма расонад ва дар ин бора ба Кумита ҳисобот диҳад.

Ба сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ А. Ҷӯраев супорида шуд, ки фаъолияти ҳарҳафтаинаи воҳидҳои сохторӣ ва мақомоти зертобеи Кумитаро таҳлилу ҷамъбаст намояд, дар бораи корҳои иҷрошуда, пешбурди назорати давлатии соҳавӣ, зарурияти  таҳким бахшидани  қонунгузории соҳавӣ, пешниҳоди мақомоти  зертобеи Кумитаро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор диҳад, дар ин  бора дар маҷлисҳои ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита маълумот диҳад, ҳисоботи таҳлилиро дар бораи фаъолияти  семоҳаи мақомот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои баррасӣ дар маҷлисҳои мушовараи Кумита пешниҳод намояд.

Ба муовини Раиси Кумита З. Назарзода ва иҷрокунандаи сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот        Ҳ. Аҳроров супорида шуд, ки сабабҳои буриши ғайриқонунии дарахтҳо дар ноҳияи Ҷайҳун ва расонидани зарар ба табиатро ба таври мушаххас  аниқ кунанд. Тартиби  омӯзиш, таҳлил, баррасии масъала дар бораи ҳисоби зарари ба табиат расонидашударо дар асоси қонунгузорӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ таҳлил намояд, дар ҳолати  зарурӣ дар бораи ворид кардани  тағйиру иловаҳои лозимӣ ба қонунгузории амалкунанда пешниҳодҳои худро манзур намояд.

Сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера С. Судуров вазифадор карда шуд, ки оид ба таъмини  назорати доимӣ ва пешгирии аз меъёр зиёд партофтани моддаҳои  зарарнок ба ҳавои атмосфера чораҳои мушаххас андешад, дуду ғуборҳои  ба атмосфера аз корхонаҳо партофташударо ба навор гирифта, дар сомонаи интернетӣ, телевизион нишон диҳад, аз корхонаҳо тибқи қонунгузории амалкунанда талаб карда шавад, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, вайронкунии меъёру талаботҳои экологӣ чораҷӯӣ  кунанд, рафти иҷрои  нақшаҳои  тартибдодаи  корхонаҳоро таҳти назорати қатъии мақомоти соҳавӣ қарор диҳад.

Ба сардори Маркази ахбори экологӣ Г. Тиллоева супорида шуд, ки ҷиҳати инъикоси доимию саривақтии фаъолияти Кумита  ва мақомоти  маҳаллии он дар сомонаи интернетии Кумита, воситаҳои ахбори омма, пахши маълумотҳои аниқ ба таври фишурда, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чораҳои иловагӣ андешад.

Барои рекламаи ҳифзи муҳити зист, риояи тозагии кӯчаю хиёбонҳо, маҳаллаҳо, боғҳои истироҳатию фароғатӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ, соҳили дарёҳо, каналу ҷӯйборҳо, дигар чораҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ чораҳои мушаххас андешида шавад, фаъолияти мақомоти зерсохтори  Кумита дар ин самт таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.

Ба шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об супорида шуд, ки рафти иҷрои чорабиниҳоро баҳри амалӣ гардонидани ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Кумита ва мақомоти зерсохтори он таҳти назорати  доимӣ қарор диҳад, маводҳоро вобаста ба захираҳои обӣ ҷамъоварӣ ва таҳлил намояд, то ки дар конференсияву вохӯриҳои соҳавӣ фаъолияти Кумитаро оид ба амалӣ намудани иқдомҳои наҷиби обии Пешвои миллат нишон дода тавонем.

Баргузории аксияҳои «Тозагии соҳил» дар ҳар як шаҳру ноҳия  назорат бурда, ҳисоботҳоро аз ҷойҳо талаб карда, дар ин бора барномаи радио ва телевизионӣ  таҳия ва пахш намояд.

Сардори Экспертизаи давлатии экологӣ Х. Маҳмадуллоев вазифадор карда шуд, ки сабабҳои ба экспертизаи давлатии экологӣ  фаро гирифта нашудани иншоотҳои зиёди сохташаванда муайян карда шаванд, дар ин масъала масъулияти мақомоти маҳаллии соҳавӣ  баланд бардошта шавад, пешниҳод гардад, ки ба кадом маводҳо, мошинаю механизмҳои воридшаванда бояд хулосаи экспертизаи  давлатӣ дода шаванд, дар ҳолати зарурӣ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод гардад.

Ба сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо М. Мардонов супорида шуд, ки назорати доимии вазъи партовгоҳҳо, кашонидани саривақтии партовҳо, таъминот бо мошинаҳои партовкашӣ, дигар масъалаҳои муомилот бо партовҳоро таъмин намояд. Дар бораи гузаронидани аксияи «Тозагии маҳал»  ҳар моҳ маълумот пешниҳод намояд.

Ба ҳамоҳангсози  лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва дигар шахсони мутасаддӣ (З. Маҳмудов, Н. Раҷабов, Н. Юнусзода, Н. Назирова)  супорида шуд, ки бо ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ шарту шароитҳо ва уҳдадорию вазифаҳои  дахлдори тарафайнро  таҳлилу  аниқ карда, тибқи хулосаҳои  мувофиқашуда барои маблағгузории   тибқи лоиҳаҳои тасдиқшуда чораҳои амалӣ андешанд.

Муовини Раиси Кумита С. Абдураҳмонзода, сардори Маркази стандартикунонӣ ва меъёрҳои экологӣ Б. Абдураҳимов ва иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот Ҳ. Аҳроров масъалаҳоро дар бораи фаъолияти Маркази стандартикунонӣ ва меъёрҳои экологӣ ва вазъи кабудизоркунию ниҳолшинонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Варзоб омӯхтаю таҳлил намуда, маводи заруриро  барои баррасӣ дар маҷлиси назоратии Раиси Кумита то 26 марти соли 2019 пешниҳод намояд.

Супорида шуд, ки сардорони воҳидҳои сохтории Кумита ва мақомоти зертобеи Кумита  оид ба рафти иҷрои супоришҳои додашуда то 27 марти соли равон ба Раиси Кумита маълумотҳои хаттӣ пешниҳод намоянд.

Пас аз муҳокимаи масъалаҳо, дарҷ гаштани супоришҳои додашуда ва  таклифу пешниҳодҳо оид ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис қарори дахлдор қабул карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *