Баргузории аксияи “Тозагии маҳал” дар ноҳияи Рӯдакӣ

16 марти соли ҷори мутобиқи қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ  ва   Нақша-чорабиниҳои  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди аксари ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аксияи “Тозагии маҳал- 2019” гузаронида шуд.

Дар аксияи мазкур аз ҳар як ҷамоат беш аз 200  нафар кормандони касбу кори гуногун ва аҳли ҷамоачигӣ фаъолона иштирок намуданд.  Аксияи мазкур баҳри  ҷашни сазовори Иди байналмилалии Наврӯз  роҳандозӣ гардида, иштирокдорони ба корҳои ободонӣ, тоза намудани ҷӯйбору  каналҳо аз такшинҳо, баровардани партовҳои маишӣ аз муҳити  зист, нарм намудани заминҳо ва решакан  кардани алафҳои бегонаи роҳравҳо, рангу бор намудани девору биноҳо ва дигар корҳои ободони амалӣ машғул гардида, муҳити зистро тозаву озода гардониданд.

Илова бар ин, тибқи супориши Кумита ва бо иқдоми  шуъба  бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии об”, ки ҳамасола 22 март қайд карда мешавад, тозакунии соҳил  ва дохили селпартои  канали “Бачамазор” гузаронида шуд.

Дар маъракаи мазкур беш аз 100 нафар сокинони  деҳаҳои наздики ҷамоати деҳоти Чоргултеппа  ва истиқоматкунадагони ҷамоати шаҳраки Сомониён фаъолона иштирок намуда, 4 км соҳилу  дохили селпарто аз партовҳои маишӣ тоза гардида, тавассути наклиёти махсус ба партовгоҳи ноҳиявӣ интиқол ва ҷойгир карда шуд.

Чорабинии мазкур бо ҳиссиёти баланди шаҳрвандӣ гузаронида шуда, тариқи шабакаи “Телевизеони Сафина” намоиш дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *