Иштироки фаъоли кормандони Кумита дар чорабиниҳо бахшида ба Наврӯзии байналмилалӣ

16 марти соли 2019 як қатор кормандони Дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар чорабинии дави наврӯзӣ ва марафони  велосипедронӣ, ки бахшида ба Иди байналмилалии «Наврӯз»  дар мавзеи Чорбоғи ш. Душанбе доир гардид, фаъолона иштирок намуданд. Чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, дигар доираҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамасола дар сатҳи баланд гузаронида мешавад. Мақсад аз гузаронидани чунин чорабиниҳо оммавӣ гардонидани варзиш ва ҳифзи солимии ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Қобили зикр аст, ки Кумита ҳамкориҳои худро бо сохторҳои гуногуни давлатӣ васеъ ба роҳ монда, саҳми кормандону мутахассисони ҳифзи муҳити зист дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ оид ба солимгардонию ободонӣ ва ғайра назаррас мебошад

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *