Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории Фестивал дар доираи чорабиниҳои экологӣ

20170603_153851

Бахшида ба  Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва дастгирии ташаббуси Тоҷикистон  оид ба эълон гардидани  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028  бо иқдоми рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», Ташкилоти ҷамъиятии «Амалиёт барои ҳаёт», дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилоят дар Муассисаи таълимии гимназияи № 13-и шаҳри Хуҷанд Фестивали кушоди мактабии журналистикаи экологии вилояти Суғд баргузор гардид.

Ҳадаф аз гузаронидани фестивал ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии онҳо, гузоштани саҳми арзанда дар  тозагиву ободии кишварамон, поку беолоиш нигоҳ доштан ва самаранок  истифода бурдани  захираҳои обӣ мебошад. Кори Фестивалро  сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», сарвари Ташкилоти ҷамъиятии «Амалиёт барои ҳаёт» Зокиров И.  ифтитоҳ намуд. Дар оғози  фестивал  оид ба об ва хусусиятҳои он, сарфакорона истифода намудани он  байни иштирокчиён-хонандагони синфи 7-уми гимназияи рақами 13 бозии викторина гузаронида шуд.

Дар Фестивали мазкур хонандагони мактабҳои миёна, гимназия ва литсейҳои шаҳру навоҳии вилоят  аз рӯи номинатсияҳои «Мақолаи беҳтарин», «Иншои беҳтарин», «Акси беҳтарин» ва «Видеомаводи беҳтарин» маводҳо пешниҳод намуданд. Дар ин рӯз ғолибон аз шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Гулистон, Хуҷанд, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби доварон муайян карда шуда, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар рафти чорабинӣ намояндагони Раёсати маориф  Р. Алиева ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят  Б. Ёқубов, котиби масъули Созмони вилояти Суғди Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Карим Шариф, сарвари Муассисаи таълимии гимназияи № 13-и шаҳри Хуҷанд Х. Атобоева сухан  намуда, баргузории чунин  Фестивалро  муҳим  арзёбӣ намуданд, ки ин барои баланд бардоштани дониш ва маърифати  экологии онҳо мусоидат хоҳад кард.