Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Консерти идона бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист

IMG_6387201706

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист санаи 3 июн дар назди театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар вилояти Суғд бо иштироки ситораҳои санъати вилоят консерти идона баргузор гардид.

Бо суханони табрикӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Аюб Раҳматов ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Темур  Нӯмонзода  баромад  намуданд.

Бахшида ба 45-умин солгарди Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист аз тарафи Раиси Кумита, сардори Раёсат ва Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд як қатор кормандони соҳа, рӯзноманигорон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва иштирокчиёни фаъоли аксияҳои «Тозагии маҳал ва соҳил» бо ифтихорномаҳову сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Пас аз қисми расмии барнома консерти идона бо иштироки ситораҳои санъати вилоят  идома  ёфт.