Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти мавзӯи «Об–маъною маъвои зиндагист»

15 марти соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи хурди раёсати Донишгоҳи  давлатии Хуҷанд  ба номи академик Б. Ғафуров конференсияи илмӣ–назариявии «Об – маъною маъвои зиндагист»,  бахшида  экологӣ, 22 март — Рӯзи байналхалқии об ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028», баргузор гардид. Конференсияи мазкур бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи ба номи академик Б. Ғафуров доир гардид.

Дар рафти чорабинӣ устодону олимони муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист, меҳмонон аз Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят, Маркази назорати давлатии санитарӣ – эпидемиологии вилоят, Котиботи байналмилалии захираҳои об – намояндагӣ дар Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон барои ҳифзи муҳити атроф», намояндагони васоити ахбори омма, коршиносон ва алоқамандони соҳа иштирок доштанд.

Дар рафти кори конференсия аз тарафи баромадкунандагон мавзуъҳои «Манбаъҳои асосии таъминоти оби полезӣ дар вилояти Суғд», «Ҳолати санитарии иншоотҳои обтаъминкунии вилояти Суғд», «Сарватҳои об ва мушкилоти истифодаи он дар вилояти Суғд», «Обтаъминкунии табиӣ ва ҷабҳаҳои истифодаи оқилонаи сарватҳои обии Тоҷикистони Шимолӣ», «Имкониятҳои истифодаи захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон» ба иштирокчиён пешниҳод гардид.             Мувофиқи барномаи конференсия дар қисмати муҳокимаи маърўзаҳо саволу ҷавоб ба амал омада, иштирокдорон  ба суолҳои додаашон посухҳои мушаххас гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *