Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки Хайрулло Ибодзода дар Машварати сеюми байналмилалӣ оид ба нигоҳдории гуногунии биологӣ ва ҳамкориҳои илмӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Куриё

DCIM1120176015

Гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ оид ба гуногунии биологии растаниҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои минтақавӣ аз самти калидии лоиҳаи «Масири сабзи Осиёи Марказӣ» маҳсуб меёбад.

Санаи 14 июни соли 2017 дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи «Масири сабзи Осиёи Марказӣ» Машварати сеюми байналмилалӣ оид ба нигоҳдории гуногунии биологӣ ва ҳамкории илмӣ бо иштироки ходимони илмии институтҳои илмӣ-тадқиқотии кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва намояндагони Хадамоти ҷангал ва Арборетуми миллии Куриёи Ҷанубӣ ба кори худ оғоз намуд.

Дар маросими кушодашавии чорабинӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода зимни сухани ифтитоҳӣ аз роҳбарияти Арборетуми миллии Куриё ва Хадамоти ҷангали Куриё барои пеш гирифтани иқдоми ҳамкории минтақавӣ изҳори сипос намуда, ёдовар шуд, ки чунин ташаббус бо сиёсати кишвари мо барои нигоҳдории гуногунии биологӣ ҳам дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҳам глобалӣ созгор хоҳад буд. Қайд гардид, ки ташаббуси мазкур аз тарафи роҳбарияти кишвари Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, семинар-машварати мазкур дар доираи талаботҳои Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ ва иҷроиши қарори Конфронси 12-уми ҷонибдорони Конвенсия, ки соли 2014 дар шаҳри Пхёнчани Куриё қабул гардида буд, баргузор мегардад.

DCIM1220176015

Дар Конфронси 12-уми ҷонибҳо кишвари Тоҷикистон дар муҳокима ва қабули қарор оид ба масъалаҳои рушди устувор, нигоҳдории гуногунии биологӣ ва захираҳои нодири генетикӣ, таъмини бехатарии биологӣ ва дастрасии баробар ба захираҳои генетикӣ ва гирифтани манфиат аз он фаъолона иштирок намуд.

Дар танаффус зимни суҳбати озод Раиси Кумита Х. Ибодзода дар мулоқот бо намояндагони Куриё иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ташрифи худ ба Куриё (соли 2015) зарурати рушди устувори экологӣ ва дар маҷмуъ ҳифзи муҳити зистро махсус таъкид намуда буданд.

Дар мулоқотҳо бо роҳбарони мақомоти дахлдор ба роҳ мондани ҳамкории дарозмуддат дар самти масъалаҳои ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардида, доир ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти рушди «иқтисоди сабз», рушди соҳаи ҷангал, нигоҳдории гуногунии биологӣ ва ғ. меморандумҳо ба имзо расиданд.

Қобили зикр аст, ки ташкилкунандагони чорабинӣ — Арборетуми миллии Куриё, Хадамоти ҷангали Куриё ва Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи семинар-машварат тасмим гирифтаанд, ки бо мақсади гузаронидани экспедитсияҳои тадқиқотӣ барои намояндагони намояндагони ташкилотҳои илмии кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Куриё сафари саҳроӣ ба қисми ғарбии Тиён-Шонро ташкил намоянд.

Олимону мутахассисони ташкилотҳои ҳифзи табиат ва институтҳои илмии Куриё, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз натиҷаҳои бадастомада дар доираи лоиҳаи «Масири сабзи Осиёи Марказӣ», методика ва таҷрибаи бомуваффақонаро доир ба нигоҳдории захираҳои нодири генетикӣ, ҳамзамон барқароркунӣ ва эҳёи ҷангалҳоро дар доираи натиҷаҳои амалишавии лоиҳаи «Тадқиқоти флораи Тиён-Шон» мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Лоиҳаи «Тадқиқоти флораи Тиён-Шон» низ аз ташаббусҳои Арборетуми миллии Куриё маҳсуб ёфта, барои баланд бардоштан ва таҳкими ҳамкориҳои байнипажуҳишгоҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар гузаронидани корҳои илмӣ-омӯзишӣ оид ба флораи минтақаи Тиён-Шон равона гардидааст.

Дар доираи ин лоиҳа Маркази гуногунии биологӣ ва бехатарии биологии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Арборетуми Миллии Куриё оид ба омӯзиши флораи Тиён-Шони Ғарбӣ корҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ мегузаронанд. Барои ба даст овардани натиҷаҳо ва расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошташуда гуруҳи лоиҳавӣ бо олимон ва мутахассисон доир ба ошкор намудани мавзеъҳои дорои растаниҳои афзалиятноки флораи Тиён-Шон якчанд вохӯриҳои машваратӣ  гузаронида буданд.