Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси назоратии Раиси Кумита

IMG_0889

16 июни соли 2017 маҷлиси назоратии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон баргузор гашт. Тибқи рӯзномаи маҷлис сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Абдусалим Ҷӯраев дар асоси гузаронидани санҷиш ва таҳлилҳо оид ба фаъолияти шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ш. Роғун, ноҳияҳои Файзобод, Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва лахш дар пешбурди назорати давлатии марбута ба таври мушаххас ҳисобот дод. Дар ҳисоботи таҳлилии А. Ҷӯраев муваффақияту камбудиҳои масъулони зертобеи Кумита  дар ин самт баён гардид. Аз рӯи масъалаи мазкур ҳамчунин ҳисоботҳои  сардорони шуъбаҳои назорати давлатии самтҳои ҳифз ва истифодаи об А.Маҳмадаминов, олами набототу ҳайвонот А.Маскаев, замин ва муомилот бо партовҳо М.Мардонов ва ҳифзи ҳавои атмосфера С. Судуров шунида шуд.

Дар баромадҳо зикр карда шуд, ки шуъбаҳои шаҳру ноҳияҳои номбурда, ба ҷуз аз шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рашт, нисбат ба мақомоти зертобиеи дигари Кумита дар ҷумҳурӣ фаъолияти начандон қаноатманд менамоянд.  Бинобар ин аъзои мушовараи Кумита пешниҳод кард, ки баъзе аз шаҳру ноҳияҳои мазкур бинобар сабаби вайрон кардани талабатҳои қонунҳои амалкунандаи соҳавӣ ва амалкард бар хилофи  тартиби  муайянгардида дар ин самт барои муҷозоти маъмурӣ пешниҳод карда шаванд. Пешниҳод шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани савияи тахассусии кормандони шуъбаҳои номбурда семинарҳои бозомӯзӣ ба роҳ монда шавад. Дар ин сурат метавон дар нигоштани санаду протоколҳо ба хатоии имлоиву тахассусӣ роҳ надод ва тибқи муқарраротӣ ҷорӣ амал кард.

Бо назардошти  пешниҳодҳои додашуда  қарори дахлдори маҷлиси Раиси Кумита қабул карда шуд.