Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари бозомӯзӣ оид ба Ваҳдати миллӣ

IMG_0935201723

22 июни соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони раёсатҳо шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказӣ,  Агентии обуҳавошиносӣ, Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ва дигар зерсохторҳои Кумита машғулияти навбатӣ дар мавзӯи «Ба имзо расидани  Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-натиҷаи фаъолияти чандинсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Иттиҳодияи мухолифин» баргузор гардид.

Дар оғоз Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода тамоми кормандони соҳавиро ба фарорасии ҷашнвораи 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуд. Мавсуф зикр дошт, ки кишвари азизамон-Тоҷикистон маҳз  бо шарофати ваҳдати миллӣ  ба чунин дастоварҳои бузурги даврони Истиқлолият ноил гардид. «Ифтихор аз он мекунем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  сарвари мо ҳастанд ва дар партави сиёсати хирадмандонаи он кас зиндагии осоишта ва азодии комил насибамон гаштааст»-қайд намуд Х. Ибодзода.

Сипас, дотсенти кафедраи таърих ва ҳуқуқи  Донишкадаи забонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Ғайбулло Икромов оид ба мавзӯи зикргардида суханронӣ карда, аз ҳодисаҳои нанговари ҷанги шаҳрвандӣ, аз қабили амалҳои бераҳмонаи қатлу куштор, ба майдонҳо кашида шудани одамони бегуноҳ ва мусалаҳ сохтани онҳо, аҳволи сангини гурезаҳо, таҳдиду зуроварӣ, гуруснагӣ ва амалҳои дигари ваҳшонияти гурӯҳҳои манфиатҷӯ ёдовар шуд.

Қайд гардид, ки дар он гуна  вазъияти хатарнок  бо ибтикори  нерӯҳои солими Шӯрои Олии ҷумҳурӣ  ва намояндагони фидокори мардумӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ба кори худ оғоз бахшид.      Хушбахтона, чунин шахсияти мунаввар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар шебу фарози зиндагӣ обутоб ёфта, дар назди хосу ом обурӯю эътибори зиёд доштанд. Дар Иҷлосия аз 197 нафар вакилони  мардумӣ 186 вакил ба ҷонибдориашон  овоз доданд. Ниҳоят талошу заҳматҳои шабонарӯзии роҳбари оқилу тавоно ва ҷасури миллат натиҷа дод.  27-уми  июни  соли 1997 дар Москав  дар ҳузури намояндагони  мамлакатҳои ҷаҳон ва иштироки  фаъолонаи намояндагони Муншии умумии СММ  ҳуҷҷати умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ  ба имзо расид.

Рисолати  ваҳдати миллӣ, ки мақсаду мароми  тамоми ҷомеа гардидааст, имрӯзҳо торафт тавсиа  ва густариш меёбад.  Вай дар тамоми ҷанбаҳои  ҳаёти ҷомеа зуҳур намуда,  амалан барои тараққиёти  Тоҷикистон мусоидат  мекунад, ки дар тули 20-соли таърих чӣ қадар муваффақиятҳои бузургро Тоҷикистон ба туфайли он ноид гардид.

Дар  охири семинар Раиси Кумита Х. Ибодзода  кормандони Кумита ва мақомоти зерсохтори онро бо рӯзи Ваҳдат ва Иди Шарифи Рамазон табрику таҳният гуфта, барояшон сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагии миллии тоҷикистониёнро таманно намуд.