Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми 2017

IMG_1000

Санаи 7. 07. 2017 ҷаласаи Мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли 2017 ва вазифаҳо барои сазовор истиқбол гирифтани 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар ҷаласа сардорони сохторҳои Дастгоҳи марказии Кумита, раёсату шуъбҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои тобеӣ марказ, директории Агентии обуҳавошиносӣ ва дигар масъулони иҷрои конвенсияҳо ва лоиҳаҳои амалишавандаи соҳавӣ иштирок доштанд.
IMG_0982Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода рӯзномаи ҷаласаро пешниҳоди ҳозирин намуд. Аз рӯи масъалаи рӯзнома оид ба натиҷагирии фаъолияти шашмоҳаи якуми соли 2017 сухан ба муовини Раиси Кумита Ойхон Шарипова дода шуд. Дар баромади мавсуф тамоми паҳлуҳои фаъолияти сохторҳои Кумита дар ҷойҳо мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуданд. Дар ин баробар натиҷаҳои назаррасу камбудиҳои ҷойдошта дар назди масъулони иҷро ҳалу фасл гардиданд.
Вобаста ба масъалаҳои ҷорӣ ҳисоботи директори Агентии обуҳавошиносӣ Расулзода Х., сардорони раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳои Хатлон Ш. Раҳимов, Суғд Т. Нӯъмонзода, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон М. Назаралиев, шаҳри Душанбе Раҳимов Н. ва шуъбаҳои назорати давлатии Дастгоҳи марказии Кумита шунида шуд.
Дар ҷаласаи Мушовара намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Бобишо Нарзулло — сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҳамбастагӣ ба муҳокимаи масъалаи баррасишуда ва бо назардошти таклифу пешниҳодҳои додашуда қарори дахлдори ҷаласаи Мушовара тасдиқ гардид.