Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бозии аввалини футбол байни зерсохтори Кумита ба нафъи дастаи Дастгоҳи марказии он хотима ёфт

20170713_193642

Мувофиқи ҷадвали мусобиқаи футбол байни дастаҳои мунтахаби сохторҳои Кумита, ки тибқи тартиби баргузории мусобиқаи варзишӣ аз рӯи ин намуди бозӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» таҳти шиори «Љовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон» баргузор гашта истодааст, нахустин шуда дастаҳои мунтахаби Дастгоҳи марказии Кумита бо Агентии обоҳавошиносӣ ба майдон баромаданд. Вохӯрии дастаҳо шоми 13 июл дар яке аз майдонҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар шаҳри Душанбе ба вуқуъ пайваст. Шумораи ҳар тарафи дастаҳо дар майдон 7 нафариро ташкил дод. Сабқат дар сатҳи хуби омодабошӣ сурат гирифт, зеро қаблан дастаҳои мазкур байни ҳам барои санҷидани қувваи ҳамдигар ба майдон омада буданд.
Натиҷа он шуд, ки дастаи мунтахаби Дастгоҳи марказии Кумита рақиби худ Агентии обуҳавошиносиро ба ҳисоби 6-2 мағлуб сохт. Бозии ҷавобии дастаҳои мазкур санаи 20-июл дар майдони номбурда баргузор мегардад.