Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории мулоқоту вохӯриҳо ва аксияҳои экологӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара

20170710_094107

Бахшида ба «Соли ҷавонон» ва доир ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» дар  шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва Конибодом аз 28 то 30 июни соли равон чорабиниҳои гуногун, ба монанди суҳбату мулоқотҳо, аксияҳои экологӣ, тренингҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабиниҳои мазкур бо иштироки ҷавонони фаъол, кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Раёсати кор бо ҷавонон ва клуби волентерони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Рўзи якум дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолҷавонон – донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд мулоқот, боздид аз Осорхонаи миллӣ ва Боғи Камоли Хуҷандӣ, тамошои филми ҳуҷҷатии «Хона» оид ба ҳифзи муҳити зисти сайёра дар «Қасри ҷавонон»-и шаҳри Хуҷанд ва аксияи экологӣ таҳти унвони «Тозагии муҳити зист қарзи шаҳрвандии мост» дар маркази ш. Хуҷанд доир гардид.

Рӯзи дуюм дар шаҳри Конибодом дар толори Техникуми технологии ба номи А. Қаҳҳоров мизи мудаввар дар мавзӯи  «Пешвои миллат наҷотбахши сайёра» бахшида ба эълон гаштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» бо иштироки ҷавонони фаъоли шаҳр доир гардид. Сипас шиносоӣ бо идораи Корхонаи фаръии минтақавии обу канализатсия, аёдат дар хонаи пиронсолони шаҳр, сайругашт дар Боғҳои майдони зардолузори шаҳр ва дар фарҷом дар Қисми ҳарбии № 0480 бо иштироки ҳофизони ҷавони шаҳр барномаи фарҳангӣ-фароғатии «Шоми дӯстӣ таҳти унвони «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон»  гузаронида шуд.

Рӯзи сеюм дар шаҳри Исфара пас аз шиносоии гурӯҳ дар майдончаи варзишии боғи марказии шаҳр бозии рафиқонаи футбол ташкил карда шуд. Сипас, дар маҷлисгоҳи КВД «Маркази ҷавонон»- деҳаи Чоркӯҳ дар мавзӯъҳои муҳити зист ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» бо иштироки наврасон ва ҷавонон мулоқоти озод доир гардид. Баъд аз анҷоми мулоқот меҳмонон ба тамошои ҷойҳои таърихӣ – Лангари  моҳиён, оромгоҳи Хазрати Шоҳ, осоишгоҳи Зумрад ташриф оварданд. Хамзамон баҳри ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаю бунёдкоронаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш. Исфара дар мавзӯи  «Мо ҷавонон ба Пешвои миллат содиқем! » бо иштироки ҷавонони фаъол ва донишҷӯёни ду муассисаи таҳсилоти олии шаҳр машварат баргузор гардид.

Ҳамзамон гурӯҳи корӣ аз ташкилу баргузории чорабиниҳои дар боло зикргардида хеле рӯҳбаланд гардида, дар ташкили он ба бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва Исфара арзи сипос баён намуданд.