Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинарҳои бозомӯзии сохторҳои Кумита дар ҷойҳо тақвият меёбанд

20170714_094822

Тибқи нақшаи кории Раёсат ва нақшачорабиниҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои нимсолаи дуюми соли равон, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон  14 июли соли равон семинари бозомӯзӣ бо иштироки мутахассисони шӯъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоятӣ баргузор гардид.

Дар рафти семинар мутахассисони соҳа доир ба масъалаҳои муҳим — асосҳо ва ҳолатҳое, ки сабаби гузаронидани санҷишҳои ғайринақшавӣ, иловагӣ ва такрорӣ мегардад, пешбурди ҳуҷҷатгузории парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи талаботи Кодекси Мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, пешниҳоди маводҳо ба Раёсат ҷиҳати ба тариқи судӣ рӯёнидани маблағи пардохт ва ҷуброни зарар, намуди санҷишҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, дастури методӣ оид ба санҷиши объектҳое, ки фаъолияташон ба ҳавои атмосфера таъсир мерасонанд, тартиби дурусти пешниҳоди маълумот оид ба рафти иҷроиши «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» шунида шуд, ки дар фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист яке аз масъалаҳои муҳимтарин мебошад.