Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии Кумита дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар»

IMG_1210

Имрӯз 18 июл  дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Хайрулло Ибодзода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки «Соли 2017 барои тамоми мардуми ҷумҳурӣ  соли хотирмон хоҳад буд. Чунки имсол мардуми сарбаланди тоҷик дар муҳити тинҷию осудагӣ 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланду хотирмон ва бо натиҷаҳои назаррас таҷлил намуд.  Корҳои ободониву созандагӣ барои истиқболи сазовори 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи таърихӣ идома доранд.  Гузашта аз ин, дар доираи Нақшаи чорабиниҳои “Соли ҷавонон” дар Дастгоҳи марказии Кумита, раёсатҳо, шуъбаю бахшҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявии он корҳои зиёде амалӣ гардида истодаанд.

Дар қисмати пурсишу посух журналистон оид ба масъалаву мушкилоти марбутаи соҳавӣ дар ҷойҳо, инчунин фаъолияти Кумита дар самти беҳдошти муҳити зист ва раванди амалишавии қонунҳову конвенсияҳо ва барномаҳои давлатӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Дар нишаст Роҳбарияти Кумита, масъулони дигари соҳавӣ иштирок доштанд ва ба саволҳои сершумори рӯзноманигорон ҷавобҳои мушаххас доданд.