Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Eco Word

Академияи илмҳои табиатшиносии Руссия –ташкилот –муассиси Ҷоизаи байналмилалии экологии «Eco Word» баҳри дарёфти унвони лауреати Ҷоизаи байналмилалии экологии  «Eco Word»   озмун эълон мекунад. Ҷоизаи байналмилалии экологии «Eco Word»  мукофоти  ҷамъиятӣ  барои дастовардҳои  бузург дар соҳаи ҳифзи муҳити зист  ва таъмини амнияти экологӣ  ва дигар фаъолияте мебошад, ки ба мақсади рушди устувор дар асри ХХ1  равона карда шудааст.

Гузаронидани озмун  барои амалӣ гаштани сиёсати экологӣ, баланд бардоштани  сатҳи  маърифат ва фарҳанги экологӣ, баланд бардоштани  мақсаду мароми илми экология, густариши технологияҳои  тозаи экологӣ, беҳтар гаштани саломатии мардум ва нигоҳ доштани гуногунии биологӣ  мусоидат менамояд.

Шартҳо   ва талабот барои иштирокчиёни  озмунро аз Низомномаи Ҷоизаи байналмилалии экологии  «Eco Word»   дастрас кардан мумкин аст, ки дар сомонаи  www.raen.info  ҷойгир мебошад. Иттилооти иловагиро дар бораи озмун аз сомонаи кумитаи тадорукот:  email: prezidiumraen@yandex.ru; тел.+7(495)954-26-11.д.и.и., проф. Антонов А.В.  дастрас кардан мумкин аст.