Баргузории аксияи «Тозагии соҳил – 2019» дар шаҳри Кӯлоб

Тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2019, №10 ва фармоиши Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон  аз 12 феврали соли 2019 №05, бо мақсади  пешгирии ифлосшавии соҳилу, дарёҳо, каналу ҷуйбор ва ҷалби  ҳарчи бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани ҳолати санитарию экологии муҳити зист як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд.        

Рӯзҳои 8-ум ва 16-уми соли равон дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб,  сойи Тебалай,         Девнасойи Кӯлоб,       бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №10, муассисаҳои  коммуналӣ  ва  ширкати  истифодабарии  манзили  шаҳри  Кӯлоб, 2 маротиба  аксия «Тозагии соҳил»            гузаронида         шуд.                 

Дар ин аксия  зиёда аз 650 нафар сокинон иштирок намуда, 1700  метри мураббаъро  партовҳои маишӣ ва истеҳсолиро аз дохил ва гирду атрофи соҳили дарёҳо  ҷамъоварӣ карда ба воситаи  2 адад техника ба партовгоҳҳои шаҳрӣ кашонида безарар гардониданд, ки 12м3 -ро ташкил дод.  Рафти гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил»  ба воситаи  «ТВ Кӯлоб», «ТВ Хатлон» ва «ТВ Ҷаҳоннамо»  ба навор гирифта, намоиш дода шуд.

Аксияи «Тозагии соҳил -2019» рӯзи  2 март  дар  ҷамоатҳои деҳоти М. Вайсов,  Чорбоғ ва ҷамоати шаҳрак, инчунин корхонаи  коммуналии ноҳияи Восеъ  дар сатҳи баланд гузаронида шуд.  Дар чорабинии мазкур  қубурҳои обгузари кӯчаҳои шаҳрак ва ҷӯю каналҳои байни деҳаҳои ҷамоатҳо аз ҳаргуна партовҳо ва ифлосиҳо тоза карда шуд. Иштирокдорони аксия  150 нафарро ташкил дода, дар натиҷа 1130 метр ва бо миқдори 7 м3 партовҳо ба воситаи 2 адад техника ба партовгоҳи шаҳрак кашонидаю безарар карда шуд.

Инчунин дар ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Данғара, Балҷувон, Муъминобод чунин аксияи «Тозагии соҳил 2019» гузаронида шуд.

Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб бо шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои минтақа иқдом гирифтаанд, ки ҳар ҳафта аксияи мазкурро  то моҳи сентябр бо иштироки доираи васеи аҳолӣ гузаронанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *