Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бохти Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар нахустин бозӣ бо Дастгоҳи марказии Кумита

IMG_128111123

Дар нахустин  вохӯрии худ дастаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе  бо футболбозони  Дастгоҳи марказии Кумита, ки шоми 20-уми июли соли ҷорӣ дар майдони варзишии маҷмуавии Вазорати корҳои хориҷӣ  ба вуқӯъ пайваст, бозиро ба ҳисоби 2:5 бохт. Дар вохӯрие, ки ҳафтаи сипаришуда дастаҳои  Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ва Агентии обуҳавошиносӣ сабқат намуданд, ҳисоби бозӣ байни дастаҳо 3:3 хотима ёфт.

Ҳоло дар садри ҷадвали мусобиқаи футбол дастаи Дастгоҳи марказии Кумита бо имтиёзи бештар қарор дорад