Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пирӯзии навбатии Дастгоҳи марказии Кумита дар сабқати футбол

IMG_1397000

Дар сабқати навбатӣ аз рӯи намуди футбол, ки  байни сохторҳои Кумита дар ҷойҳо баргузор гашта истодаанд, бозингарони Дастгоҳи марказии Кумита шоми 25-уми июли соли ҷорӣ дар бозии ҷавобӣ дастаи Агентии обуҳавошиносиро дар маҷмааи варзишии Вазорати корҳои хориҷӣ  бо ҳисоби 5:1 шикаст дод ва аз ҳисоби ба даст овардани холҳои бештар пирӯзиро барои ҷои аввал ба даст овард. Дастаи мазкур дар 3 бозие, ки бо дастаҳои Агентии обуҳавошиносӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе анҷом дод, ғолиб омад.

Ҳафтаи равон футболбозони Дастгоҳи марказии Кумита сабқати ҷавобии худро бо дастаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе анҷом хоҳанд дод.