Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои татбиқи қонуни танзим иттиҳоди миллӣ мебояд

IMG_1457000

27 июл дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти навбатии семинари бозомӯзӣ баргузор гардид. Мавзӯи семинар шарҳи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» маҳсуб мегардид.

Қабл аз оғози машғулияти бозомӯзӣ ҳадафи татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ»-ро Муовини Раиси Кумита Ойхон Шарипова барои беҳтаргардонии сатҳи некӯҳволии мардуми кишвар созгор арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки тағйиру иловаҳое, ки бо пешниҳоди маррдуми шарифи Тоҷикистон ба қонуни мазкур ворид мегардад, сатҳу сифати зиндагонии мардум, бо назардошти шароити буҳрони ҷаҳонӣ, боз ҳам беҳтару хубтар мешавад, ба хусус барои дастрасии волидон ба лавозимоти мактабии фарзандон ва дар роҳи илму адаб тарбия намудани онҳо мусоидат менамояд.

Сипас корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзигул Юсуфова доир ба масъалаи баррасишаванда бо иштирокдорони бозомӯзӣ суҳбати ошкоро ва самимӣ анҷом дод. Иштирокдорон дар рафти саволу муроҷиатҳо изҳор доштанд, ки барои татбиқи  суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо» ҷиҳати амалӣ гаштани  тамоми талаботи қонуни мазкур муттаҳид ҳастанд ва дар якҷоягӣ ба пеши роҳи худнамоишдиҳиву зиёдаравии бемантиқ садд мегузоранд.