Чорабинии Аксияи «Тозагии маҳал-2019» идома дорад

Аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода барои гузаронидани аксияи экологии «Тозагии маҳал-2019» нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, тибқи Фармоиши Раиси Кумита аз 24 январи соли 2019 ва амри раиси шаҳри Турсунзода аз 28 январи соли 2019, №21 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани рӯзҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои деҳот ва қитъаҳои истифодабарии манзилҳои шаҳри Турсунзода» бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, солимгардонии муҳити зист, ба талаботҳои санитарию экологҳ, меъморию шаҳрсозӣ мутобиқ гардонидани маҳаллаҳои аҳолинишин ва дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷамоатҳои деҳот ва қитъаҳои истифодаи манзилҳои шаҳри Турсунзода гузаронида шуда истодааст. Дар ин чорабиниҳои муштараки кормандони шуъба дар ҳайати гурӯҳҳои корӣ иштирок намуда, дар корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Турсунзода бо доир намудани вохӯриҳои сокинони ҷамоатҳои деҳот ва шаҳр саҳми худро гузашта истодаанд.

Дар ҳашарҳои умумии «Тозагии маҳал-2019» зиёда аз 1200 нафар сокинони шаҳри Турсунзода фаъолона иштирок карда, 60 м3 партовҳои ҳархелаи сахти маиширо ба партовгоҳи асосии шаҳр бароварданд. Дар ин чорабиниҳои умумишаҳрӣ беш аз 12 адад техникаҳои борбардору боркаш, воситаҳои нақлиёти хоҷагиҳои кишоварзӣ ва коммуналии шаҳр ба корҳои тозагию ободонӣ сафарбар карда шуданд.

Рафти баргузории чорабиниҳои пешбинигардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода оид ба корҳои ободонию созандагии шаҳр тариқи васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ ташвиқу тарғиб карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *