Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омодагиҳо барои сазовор ҷашн гирифтани 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_1498

Тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 22 феврали  соли 2017, «№9-ф, қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 феврали соли  2017, №84 «Дар бораи  вобаста  намудани қитъаи замин барои сохтмони майдончаҳои варзишӣ» дар ҳудуди шаҳраки 82-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати  6000 м2  сохмони майдончаи  варзишӣ ва майдончаҳо барои бозии кӯдакон сохта ба истифода дода шуд. Дар маросими кушодашавии майдончаи мазкур, ки санаи 5 августи соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ,  дигар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, аҳли ҷамоатчигӣ, сокинони маҳалла, хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ,  кормандони воситаҳои ахбори  омма ва дигар масъулини сохторҳо иштирок намуданд.

IMG_1470Меҳмонон аз  гирду атроф ва ҳудуди майдончаи мазкур дидан намуда, онро чун туҳфаи арзанда аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бошандагони мавзеи мазкур арзёбӣ намуданд. Иштирокдорони маҳаллаи номбурда сипосу миннатдории хешро ба Роҳбари давлат  ва Ҳукумати ҷумҳурӣ  барои таваҷҷӯҳи пайваста зоҳир намудан изҳор доштанд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур  тибқи нақшаи пешбинишуда бо сифати баланд иҷро шуда, дар муҳлатҳои  муайянгардида ба итмом  расонида шуд. Қитъаҳои атрофи майдонча бо   IMG_1500 дарахтони ҳархела ва гулу гулбуттаҳои  ороишӣ зиннат ёфта, тамоми қитъаи замин то роҳи автомобилгарди шаҳрӣ гулгашту кабудизор карда шудааст. Дар роҳрави майдонча сандалиҳо (скамейкаҳо), гушаи олами ҳайвонот, айвон барои бозии шоҳмот ва истироҳати сокинон гузошта шуданд.  Гулгаштҳо бо хати обмонӣ таҷҳизонида шудаанд ва аз ҷониби мутасаддиён  нигоҳубин карда мешавад.