Масъалаҳои маърифати экологӣ дар ҷаласаи комиссияи байниидоравии давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд

5 апрели соли 2019  дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 ҷаласа баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати муовини Сарвазири  мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода  сурат гирифта, дар он намояндагони ҳамаи вазорату кумита ва ташкилоту идораҳои марбута, инчунин муовинони раисони  шаҳру ноҳияҳои  мамлакат иштирок намуданд.

Иштирокдорони ҷаласа масъалаи тақвият бахшидани маърифати экологии аҳолӣ, Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 ва бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Барномаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Муовини Сарвазири мамлакат  Маҳмадтоир Зокирзода бо намояндагони  вазорату идораҳои дахлдор рафти иҷрои ҳар як банди Нақшаи чорабиниҳои Барномаро ба таври муфассал шарҳ дода, доир ба вазифаҳои масъулин дар самти татбиқи Барнома равшанӣ андохт. Пешниҳод гардид, ки барои самаранок пеш бурдани кор  дар ин самт фаъолияти комиссияҳои байниидоравӣ оид ба тарбия ва маърифати экологиро бояд пурзӯртар ба роҳ монд.

Ниҳоди масъул дар татбиқи Барномаи мавриди назар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ Раиси Кумитаи мазкур  Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода  иброз доштанд, ки татбиқи Барнома дар якҷоягӣ ба манфиати кор буда, дар ҳоли эҳсоси  масъулият аз ҷониби дигар вазорату кумита ва  мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо то анҷоми муҳлати  ин Барнома ҳамаи бандҳои он дар амал татбиқ карда мешавад.

Тавре  зикр шуд, давоми 4 соли татбиқи Барномаи мазкур танҳо 31 банди он иҷро шудаасту 41 банди дигар дар ҳоли иҷро  қарор дорад. Яъне дар маҷмӯъ ин Барнома 43 % иҷро гардидааст ва барои татбиқи он тадбирҳои пайгирона зарур аст.

Ҳифзи муҳити зист ва дар маҷмӯъ экология аз ҳар яки мо тақозо  мекунад, ки дар сарсабзии кишвар  саҳм гузорем ва талош ба харҷ диҳем, то фазои хубу солимро ба ояндагон мерос гузорем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *