Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории амалиёти «Кӯкнор — 2017» дар вилояти Суғд

download

Оид ба  иҷроиши нақшаи кории ситоди идоравии амалиёти «Кӯкнор-2017» якҷоя бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, воситаҳои ахбори умум ва ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд.

Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Раиси вилояти Суғд аз 16 майи соли 2017, №244 «Дар бораи гузаронидани амалиёти «Кӯкнор — 2017» бо фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят аз 7 июни соли 2017, №51 ситоди идоравӣ ташкил карда шуда, нақшаи кори он  тасдиқ гардидааст.

  Шӯъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят  оид ба гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2017» бо мақомотҳои қудратӣ ҳамкорӣ намуда, дар ин самт  корҳои тарғиботиву  ташвиқотиро пурзӯр науда истодааст.

     Оид ба  масъалаи мазкур дар ҳудуди фонди давлатии ҷангал аз тарафи шӯъбаю бахшҳои  Раёсат якҷоя бо намояндагони мақомотҳои қудратӣ ва муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят амалиётҳои муштарак гузаронида шуд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои муштарак аз тарафи шӯъбаи Раёсат ва шӯъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо  якҷоя бо намояндагони мақомотҳои қудратӣ то имрӯз 111375 бех бангдонаи ҳиндии худрӯй муайян карда шуда, тариқи сӯзонидан нобуд карда шуд.

     Дар рафти гузаронидани амалиётҳои муштарак дар байни аҳолии деҳаҳои ноҳияҳои К.Мастчоҳ, Истаравшан, Деваштич, Ашт, Шаҳристон, Айнӣ, Панҷакент, Исфара ва Зафаробод оид ба пешгирӣ ва роҳ надодан ба кишту парвариши растаниҳои нашъаовар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.