Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи 10-солагии амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

20170804_090747

Бахшида ба 10-умин солгарди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят вохӯрӣ оид ба фаҳмонидани моҳияти Қонуни мазкур бо иштироки мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева гузаронида шуд.  

Сараввал муовини сардори Раёсат бо сухани ифтитоҳӣ чорабинии мазкурро оғоз намуда, қайд кард, ки қабули Қонуни мазкур аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббусҳои беҳтарин буда, барои хубтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар мусоидат менамояд. Воқеан, қабули ин қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом даровард.

Сипас, мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева оид ба мақсад ва аҳамияти қабул гардидани қонуни мазкур ибрози андеша намуд. Зикр шуд, ки дар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки фарогири марому мақсад, арзишҳои ахлоқиву динӣ ва таърихиву фарҳангии мардуми Тоҷикистон мебошад, тартибу низоми баргузории маъракаҳо ба инобат гирифта шуданд.

Дар рафти ҷамъомад байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт. Собиқадори Раёсат Содиқов О. бобати татбиқи қонун фикру ақидаҳои худро баён намуда, аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки қонунро дар амал татбиқ намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.