Фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли 2019 натиҷагирӣ карда шуд

5 апрели  соли равон  ҷаласаи Мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои ҷамъбасти  сазовори шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси Кумита Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода оғоз намуда, реҷаи баргузории  рӯзномаи ҷаласаро ба овоз гузошт. Тибқи регламенти муайяншуда нахуст муовини Раиси Кумита Зарина Назарзода аз натиҷаҳои фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва зерсохторҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҷумҳурӣ маърӯза намуд. Дар арзёбии таҳлили ҳисобот  З. Назарзода баробари муваффақиятҳои бадастомада, инчунин бештар камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро дар ҳамаи самтҳои назорати давлатии марбута арзёбӣ намуд.

Дар ҷаласа сардорони раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ оид ба фаъолияти самти худ ҳисобот доданд.

Раиси Кумита Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода сабаби каммасъулиятии  сардорони раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо ва шуъбаву бахшҳои муҳити зисти шаҳру ноҳияҳоро дар самти пешбурди назорати давлатӣ оид ба  пурра иҷро нагардидани нақшаи пардохти ҳатмии  экологӣ, дар баъзе шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ пурсон шуд. Қайд карда шуд, ки дар ҷойҳо на ҳамаи сохторҳои соҳавӣ нақшаи пардохти экологиро то 31 марти соли 2019 танҳо иҷро намудаанд. Паҳлӯи дигари масъала, ки мавриди танқиди ҷиддӣ қарор дода шуд, хеле кам ошкор гардидани қонунвайронкунии ҳифзи муҳити зист дар аксар шаҳру ноҳияҳо мебошад.

 Раиси Кумита ҳамаи самтҳои назорати давлатии ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла самти назорат ва ҷамъоварии пардохтҳо, ҳифзи ҳавои атмосфера, ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо, ҳифз ва истифодаи захираҳои об, ҳифз ва истифодаи олами набототу ҳайвонот, инчунин  масъалаи баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зистро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода, фаъолияти кулли аксари мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зистро дар самтҳои зикршуда нокифоя арзёбӣ намуд.

Масъулони мақомоти маҳаллии  ҳифзи муҳити зист Раиси Кумитаро бовар кунониданд, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҳои иловагӣ андешида, аз натиҷаи фаъолияти босамари худ дар ҷамъбасти 6-моҳаи сол маълумоти зарурӣ пешниҳод менамоянд.

Дар ҷаласаи Мушовара муовини Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимардон Азимзода иштирок ва суханронӣ намуд.

 Баъд аз шунидани ҳисоботҳо, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ва эроду тавсияҳои додашуда, қарори дахлдори  ҷаласаи Мушовара қабул карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *