Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар маҷлиси назоратӣ

9 августи соли ҷорӣ  маҷлиси назоратии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар маҷлис роҳбарият, сардорони  воҳидҳои  сохторӣ, мақомоти зерсохтори  Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, Раёсати ҳифзи муҳити зисти ш. Душанбе иштирок намуданд. Дар маҷлис 2 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис оид ба натиҷаҳои  мавсими  ниҳолшинонии  тирамоҳи соли  2016 ва баҳори  соли 2017 ахбороти сардори шуъбаи назорати  давлатии истифода ва ҳифзи  олами наботот ва ҳайвонот Маскаев А. М. шунида шуд. 

Дар муҳокимаи масъала Раиси Кумита  Х. Ибодзода ва муовини  Раиси Кумита Абдураҳмонзода С. Н.  баромад карда, пешниҳод намуданд, ки минбаъд мавсими кабудизоркунӣ то 20 августи ҳар сол ҷамъбаст гардад. Пешниҳод гашт, ки мутахассисони Кумита ҳар сол 30%-и рафти ниҳолшинониро дар қаламрави вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз санҷиш гузаронанд. Ҳамчунин ба Маскаев А. супорида шуд, ки то моҳи сентябр таҳлили пурраи кабудизоркунӣ дар мавсими мазкур ва ҳолати сабзиши ниҳолҳоро дар ҷумҳурӣ гузаронида, аз натиҷаи он ба Раиси Кумита маълумоти муфассал пешниҳод намояд. Илова бар ин ба сармуҳаррири рӯзномаи «Инсон ва табиат» супорида шуд, ки оид ба ҳолати ниҳолшинонию кабудизоркунӣ дар ҷойҳо ҳармоҳа гузоришу маълумотномаҳо таҳия намуда, тариқи нашрияҳои соҳавӣ пешкаши хонандагон гардонад.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис оид ба нигоҳдории ҳуҷҷатҳои  солҳои  қаблӣ дар бойгонии Дастгоҳи марказии Кумита мутахассиси Бахши махсуси Раёсати корҳои Кумита Худойназарова Г. баромад Дар рафти баррасии масъалаи мазкур  ҷиҳати беҳтар намудани бойгонии мазкур таклифу пешниҳодҳо дода шуданд.

Бо назардошти таклифу пешниҳодҳои додашуда, қарори дахлдор аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи  маҷлис қабул гардиданд.