Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари Дабири кули СММ ба дарёфти роҳҳои нави ҳалли масоили об мусоидат мекунад

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ҳам дар соҳаи сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳояшон ба кишварҳои хориҷӣ барои рафъи масъалаҳои глобалӣ андеша ва пешниҳодоти ҷолиб менамоянд. Дар натиҷа Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ  яке аз кишварҳои пешоҳанг дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, хусусан масоили дастарсӣ ба оби тоза  шинохта шудааст.

Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойхон Шарифова  зимни мусоҳиба бо хабарнигори рӯзнома оид ба ин масъала пеш аз ҳама аз он ёдовар шуд, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қатъномаҳои Маҷмаи Умумии СММ доир ба эълон кардани соли 2003 — Соли оби тоза,  2013 — Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» ва чанде пеш Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»(солҳои 2018-2028) қабул гардидаанд, ки гувоҳи эътироф гардидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.  Ба ин иқдомот ва саъю талоши башардӯстонаи ҷониби Тоҷикистон хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш зимни боздид аз кишварамон баҳои баланд дод. Вай рӯзи 12 июни соли ҷорӣ дар Ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир», ки  бо ҳузури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид суханронӣ карда, ин нуктаро махсус таъкид намуд.

Дар навбати худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханрониашон вобаста ба сайъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва роҳҳои коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ қайд намуданд, ки: «Ҳукумати кишвар ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, ки аз афзалиятҳои сиёсати экологии давлат маҳсуб меёбанд, пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад».

Дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ва боздид аз кули Сарез ва ВМКБ , аз тамошои табиати нотакрори Тоҷикистон ба ваҷд омада, ҳамзамон манзари коҳиш ёфтани пиряхҳоро низ мушоҳид намуд.  Бешубҳа ин боздиди  роҳбари ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ  ба тақвияти чорабиниҳо вобаста ба истифодаи самараноки захираҳои обӣ мусоидат менамояд ва қадами ҷиддӣ дар раванди татбиқи ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад гашт.

  Зимни боздид ва сӯҳбату мулоқотҳо диққати Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш  ба он ҷалб карда шуд, ки ҳамасола дар Тоҷикистон низ офатҳои гуногуни табиӣ рух медиҳанд, ки ба иқтисоди миллӣ  хисорот ворид намуда, сабабгори талафоти ҷонӣ низ мегарданд. Тағйирёбии иқлим боиси обшавии бо суръати пиряхҳо гардида, баландшавии сатҳи оби дарёҳо ба  соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ таъсири манфӣ мерасонад.

-Чунин тамоюл, бешубҳа, боиси ташвиши чиддӣ мебошад. Барои коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим бояд дастаҷамъона тадбирҳо андешид. Бо назардошти аҳамияти муҳими иҷтимоиву иқтисодии захираҳои об, аз ҷумла зарур аст, ки доир ба нигоҳ доштани пиряхҳо ва захираҳои барф дар минтақа корҳои муштараки илмиву татқиқотӣ ва назоратӣ анҷом дода шаванд, — иброз намуд Ойхон Шарифова.