Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

СОЛНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – 2016

hadaaaa55

Обложка

Соли 2016 дар таърихи соҳибистиқлолии давлати ҷавони Тоҷикистон соли хотирмону таърихӣ маҳсуб мешавад. Дар ин сол мардуми шарафманди кишвари офтобрӯяи мо дар фазои сулҳу осоиштагии комил 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди созандагию ободкориҳо истиқбол гирифтанд. Соли 2016-ро метавон бо боварӣ соли пайванди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаҳои нави рушду тараққиёт ва қадамҳои устувору созанда ба сӯи ояндаи босаодат маънидод кард. Дар ин соли таърихӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоии мамлакат тадбирҳои пурарзиш ва саривақтӣ анҷом дода шуданд. Фаъолияти кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои сол то ба имрӯз андешидани силсилаи тадбирҳои муҳим дар роҳи ободонию шукуфоии беш аз пеши кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистонро фаро мегирифт. Дар раванди беҳбудбахшии сатҳи зиндагии мардум ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳо, ифтитоҳи як зумра иншооти наву замонавии таъйиноти гуногун, дидору вохӯриҳои судманд бо аҳли заҳмату сокинони зафарманди ин шаҳру ноҳияҳо, таҳлилу вазифагузорӣ дар машваратҳои корӣ, суҳбату мулоқотҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни сохтори давлатӣ ва ба имзо расонидани амру фармонҳои гуногунтаъйинот нақши мусоид гузоштаанд.

Дар моҳҳои аввали соли 2016 бо иқдомоти ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағйир додани номи як қатор шаҳру ноҳияҳо ва иншооти ҷуғрофии мамлакат ба имзо расида, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Дар асоси ин қарорҳо ва ҷонибдории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи ноҳияи Ҳисор ба шаҳри Ҳисор, ноҳияи Тавилдара ба ноҳияи Сангвор, ноҳияи Ҷиргатол ба ноҳияи Лахш, ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ноҳияи Ҷиликул ба ноҳияи Дӯстӣ, ноҳияи Қумсангир ба ноҳияи Ҷайҳун, ноҳияи Шӯрообод ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, шаҳри Қайроққум ба шаҳри Гулистон, шаҳри Чкалов ба шаҳри Бустон, ноҳияи Ғончӣ ба ноҳияи Деваштич ва Обанбори Қайроққум ба Обанбори «Баҳри Тоҷик» табдил дода шуд. Ҳар соли фаъолияти серҷабҳаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ҳамчунин баргузории сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, иштирок дар чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ифтитоҳи иншооти наву замонавии таъйиноти гуногун, боздидҳои расмию давлатӣ ва корӣ ба давлатҳои дигар ва машваратҳои корию суҳбатҳои самимӣ бо намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли заҳмат ва сокинони шарафманди мамлакатро фаро мегирад. Бо ҳар ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз сатҳи кӯча то марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо ба таври назаррас ободу зебо гардида, теъдоди зиёди иншооти маъмурию истиқоматӣ, хизматрасонию истеҳсолӣ ва дорои таъйиноти дигари иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Ҳамаи ин тадбирҳо, пеш аз ҳама, барои фароҳам овардани зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ва рушди бахшҳои ҳаётан муҳими ҷомеа роҳандозӣ мегарданд.

Ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва тадбирҳои дигари хуррамгардонии мамлакат бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 2016 дар саҳни ҳавлӣ ва атрофи Қасри Миллат оғози расмӣ бахшида шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин рӯзҳои моҳи феврал ҳамчунин бо сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ва ба ноҳияи Хуросон ташриф бурда, дар маъракаи оғози бунёди Боғи намунавии ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат ширкат варзиданд. Ибтидои соли 2016 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар расми ифтитоҳи бинои нави истиқоматӣ барои афсарону кормандони сохторҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар пойтахти мамлакат ҳамчунин бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш», телевизиони «Синамо» ва Академияи Воситаҳои ахбори омма, ки маҳз бо иқдоми Сарвари давлат сохтмонашон оғоз гардида буд, Маҷмааи бузурги тиҷоратии «Душанбе мол», корхонаҳои гуногуни истеҳсолию хизматрасонӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, мактабу иншооти гуногуни маориф ва боғчаҳои бачагона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, сохтмони эстакада дар маҳаллаи 82 оғоз гардид.

Дар самти беҳбудбахшии сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар мамлакат дар соли 2016 низ тадбирҳои судманд анҷом дода шуданд. Баҳори ин сол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд, ки дар ҷумҳурӣ ва минтақа беназир аст. Лоиҳаи бунёди Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дар солҳои Шӯравӣ тасдиқ шуда, солҳои дароз сохтмони он ба таъхир афтода буд. Бо дастгирии Роҳбари давлат ва туфайли соҳибистиқлолии мамлакат баъди беш аз 30 сол имкон фароҳам омад, ки лоиҳаи сохтмони марказ тибқи меъёрҳои муосир таҳия гардида, дар асоси он маҷмааи тандурустӣ ба истифода дода шавад. Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як маркази саломатӣ ва бинои 5 ошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба оғози сохтмони бинои муосири истиқоматии 9-ошёна асос гузошта шуд. Дар ҳамин ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолият ва таҷрибаи ибратбахши кишоварзон шинос шуданд. Ҳангоми шиносоӣ бо таҷрибаи кишоварзони ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Рӯдакиро пойгоҳи калони таъмини сокинони пойтахт ва атрофи он бо маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати истеҳсоли ҳарчи зиёди маҳсулоти барвақтии воридотивазкунанда дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни ҷаҳонии Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти мамлакат дар тантанаҳои наврӯзӣ ва Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз иштирок карда, дар ҳамин рӯзҳои ҷашнӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла Корхонаи бузурги истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр — Суғдсемент»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти фермаи чорводории инноватсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Афзали Зарзамин» шинос шуданд ва дар хоҷагии деҳқонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ба кишту кори баҳорӣ оғоз бахшиданд. Дар ҳамин рӯзҳо дар ноҳияи Мастчоҳ мактаби нав дар деҳаи Андарвашт ва Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ гардида, барои бунёди шаҳраки наву замонавии Меҳробод санги асос гузошта шуд. Дар шаҳри Исфара бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи корхона ва муасиссаҳои хизматрасонӣ ва бинои маъмурии Прокуратураи шаҳр мавриди истифода қарор гирифта, дар ноҳияи Конибодом як корхонаи азими саноатӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Нафтрасон ба кор оғоз намуд. Дар ҳамин ноҳия Президенти мамлакат бо фаъолияти корхонаи коркарди меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Меваи қанд аз наздик шинос шуда, ба корҳои таҷдиду навсозии роҳи мо- шингарди Исфара Конибодом Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ашт Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 ба номи Камоли Хуҷандӣ, Кохи фарҳанг, чойхона ва дар шаҳри Гулистон Маркази таълимии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, бо корҳои ободонӣ дар Осоишгоҳи Баҳористон шинос шуданд. Тантанаҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо баргузории чорабиниҳои Сайри гули лола ва Корвони наврӯзӣ анҷом ёфтанд. Дар давоми сол ҳамчунин сафарҳои кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон анҷом дода шуданд.

Дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Роҳбари давлат моҳи апрел чорабиниҳои ифтитоҳи мактаби нав, корхонаи истеҳсоли гаҷкартон ва боғчаи бачагона, дар моҳи август Корхонаи истеҳсолии «Моҳир-семент», оғози сохтмони мактаби нав барои 680 хонанда ва моҳи сентябр ифтитоҳи Корхонаи азими истеҳсоли криоллит, кислотаи сулфат ва алюминийи фтордор баргузор шуданд.

Моҳи апрел дар шаҳри Норак Гимназияи давлатӣ, ду мактаби нав, истироҳатгоҳи замонавии «Пули Сангин» ва дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии-500кВ- НБО Норак бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Моҳҳои май ва август Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат ташриф бурда, дар расми ифтитоҳи бинои истиқоматии 5-ошёна, бинои нозироти андози шаҳр, Корхонаи металлҳои рангаи «Покрӯд», фабрикаи ғанигардонии маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Покрӯд» ва қисми низомии навтаъсиси таъйиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Пешвои миллат дар намоишгоҳи деҳоти Ромит бо намунаи ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахш шинос шуда, бо вазъи картошкапарварӣ ва парвариши занбӯри асал дар мавзеи Канаски ҷамоати деҳоти Ромит ошноӣ пайдо карданд.

Дар ин соли ҷашнӣ ҳамчунин дар моҳи июн сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ сурат гирифт. Дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Дарвоз Президенти мамлакат бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуда, як зумра иншооти мактабу маориф ва фарҳанг, нозироти андоз, Маркази эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди туризм, биноҳои маъмурии мақомоти иҷроия, маҷмааҳои варзишӣ ва хаттҳои оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд ва ба сохтмони биноҳои 12-ошёна дар маркази вилоятшаҳри Хоруғ ва мактаби нав дар ноҳияи Ишкошим оғоз бахшиданд. Бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар вилоят тантанаҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор шуда, Президенти мамлакат дар расми гузашти низомӣ ба ифтихори ин санаи фархунда ширкат варзиданд. Таъкид кардан ба маврид аст, ки Пешвои миллат дар ҷараёни ин сафар ҳамчунин аз Отряди сарҳадии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Ишкошим дидан карда, дар ҳама шаҳру ноҳияҳо бо мардум суҳбату мулоқотҳои самимӣ анҷом доданд. Бояд таъкид кард, ки моҳи сентябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвоз ташриф бурда, дар ҷамоати деҳоти Сағирдашт як варзишгоҳ барои 400 ҷойи нишастро мавриди истифода қарор доданд ва ба сохтмони мак- таби нав барои 450 ҷойи нишаст оғоз бахшиданд. Сипас дар ҳамин ноҳия Роҳбари давлат дар расми аз нав ба фаъолият оғоз кардани Қисми низомии 02011 Б-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа иштирок карда, аз намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияи Дарвоз боздид ба амал оварданд. Охирҳои моҳи июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сафари корӣ анҷом дода, як қатор иншооти муҳими таъйиноти гуногунро ифтитоҳ намуданд. Аз ҷумла, бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳияи наздисарҳадӣ мактаби нав, бинои шуъбаи маориф, нозироти андоз ва хати нави оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор гирифта, Сарвари давлат аз Қисми низомии 2133 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ва намоиши дастовардҳои меҳнаткашони ноҳия дидан намуданд.

Ба ноҳияи Варзоб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2016 се маротиба ташриф бурда, ду маротиба дар расми ифтитоҳи иншооти наву замонавии Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» ва маротибаи дигар дар Намоишгоҳи дастовардҳои чорводорони мамлакат иштирок карданд. Дар ин ноҳия моҳи июл бори аввал намоишгоҳи дастовардҳои чорводорони мамлакат дар чунин сатҳи баланд ва бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар он дастовардҳои чорводорон ва занбӯри асалпарварони номдори шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба маъраз гузошта шуда буд. Зимни боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» дар ноҳияи Варзоб дар моҳи август меҳмонхонаҳои барҳавои замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхона, марказҳои савдо ва иҷораи лавозимоти варзи- шию барфбозӣ, майдонҳои лижаронию барфгардӣ, роҳҳои танобӣ ва мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои варзиши зимистона мавриди истифода қарор дода шуданд. Охири моҳи декабр дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷики-стон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биною иншооти дуошёнаи тарабхона, маҷлисгоҳ, нуқтаи иҷораи лавозимоти лижаронӣ, майдончаҳои дорои воситаҳои муосири дилхушкунанда барои бозиҳои зимистонаи кӯдакона, майдони бузурги бозиҳои конкию хоккей ва иншооти роҳи танобӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Умуман дар соли 2016 бо таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Пре- зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» ба пуррагӣ навсозию таъмир гардида, ба як мавзеи воқеан дилфиреби истироҳатию фароғатӣ, сайёҳӣ ва машқу тамрингоҳи намудҳои гуногуни варзиши зимистона табдил ёфт. Дар моҳи август сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Сарбанд, ноҳияҳои Бохтар ва Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон бобарору самарабахш ва фарогири иштирок дар чорабиниҳои ифтитоҳи иншооти нав, оғози сохтмони иншоо- ти дигар ва чорабиниҳои фарҳангии ҷашнӣ анҷом ёфт. Дар ин рӯзҳои хотир- мон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз намоиши театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги вилоят иборат буд, иштирок карда, шодию нишоти сокинони шарафманди вилоятро бо ҳузури худ афзунтар намуданд.

Бояд хотирнишон сохт, ки моҳи ноябри соли 2016 Президенти мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ташриф бурда, дар шаҳри Сарбанд ба корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Сарбанд ва марҳилаи дуюми таҷдиду навсозии Корхонаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» оғози расмӣ бахшиданд. Охири моҳи август дар таърихи рушди истеҳсолоти ватанӣ ва пешрафту тараққиёти соҳаи саноати нассоҷии мамлакат таҳаввулоти назаррас ба вуқӯъ пайваст.

Дар остонаи таҷлил аз ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо иштироки Пре- зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин корхонаи истеҳсолӣ Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии «Ҷунтай-Данғара Син Силу текстил» ба фаъолият оғоз намуд, ки дар ҷумҳурӣ ва минтақа беназир мебошад. Ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия Донишгоҳи давлатии Данғара ва як Маҷмааи муҳташами варзиширо ифтитоҳ намуда, ба сохтмони Меҳмонхонаи муосири «Дарё-2015», бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Беморхонаи бисёрсоҳавӣ санги асос гузоштанд. Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Расадхонаи байналмилалии ас- трономии “Санглох”-и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз таъмири капиталӣ ифтитоҳ ёфт. Расадхонаи байналмилалии астрономии “Санглох” аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ беҳтарин дар ҷаҳон аст ва он дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти аҳамияти бузурги илмӣ ва байналмилалии мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ, кометаҳо, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди 20 соли аз кор мондан, барқарор карда шуд. Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва соли 1977 сохта шудааст. Расадхона аз соли 1995 мақоми байналмилалӣ гирифтааст, зеро саҳми он ва олимони соҳа дар пешрафти илми кайҳоншиносӣ дар ҷаҳон назаррас аст.

Тантанаҳои марказонидашудаи ҷумҳуриявӣ ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд доир гардиданд. Ба ифтихори ин санаи фархундаю таърихии давлату миллат дар пойтахти мамлакатшаҳри Душанбе ҷамъомади бошукӯҳи тантанавӣ, гузашти низомӣ, роҳпаймоӣ ва барномаи фарҳангии театрикунонидашуда баргузор шуд. Дар роҳпаймоӣ, ки дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ 52 ҳазор нафар донишҷӯйи макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандону хизматчиёни сохторҳои давлатии мамлакат ширкат намуданд.

Моҳи сентябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди истиқболи бошукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят биною иншооти таъйи- ноти гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо мардум суҳбату мулоқоти судманд анҷом доданд. Аз ҷумла, аснои ин сафар дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бинои истиқоматӣ дар маркази маъмурии ноҳия мавриди истифода қарор гирифтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ дидан намуда, бо лоиҳаи нави маркази маъмурии ноҳия ва дастовардҳои кишоварзон, хусусан дар соҳаи картошкапарварӣ шинос шуданд. Дар ноҳияи Зафаробод Муҷассами Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи Парчами миллӣ, мактаби замонавӣ ва як коргоҳи ҳунаромӯзӣ расман ифтитоҳ гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Бахт» ба маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» ва Корхонаи истеҳсолии ҶСП «Норд Азия Металл»–ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бунёд гардида буданд, расман мавриди истифода қарор доданд. Дар ҳамин ноҳия ҳамчунин як мактаби нави инноватсионӣ ва бинои маъмурии Кумитаи идораи замини ноҳия ба истифода дода шуданд. Президенти мамлакат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории силро ифтитоҳ намуда, дар шаҳри Бӯстон бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ, дар шаҳри Хуҷанд Кохи ақди никоҳ, Кохи фарҳанги «Суғдиён», бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 19-ум ва Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров санги асос гузошта, дар роҳпаймоии идонаи сокинони вилоят бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Даҳаи сеюми моҳи сентябр Президенти Ҷумҳу- рии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои водии Рашт бо сафари корӣ ташриф бурданд. Дар ин сафар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор дар чорабиниҳои ифтитоҳи бинои Суди ноҳия ва маркази савдою хизматрасонӣ иштирок намуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд. Дар ноҳияи Нуробод барномаи сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири чорабиниҳои ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ, боғчаи бачагонаи «Зебунисо» барои 140 нафар тарбиятгиранда, корхонаи коркарди ширу бастабандии равған ва боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои соҳаи кишоварзии ноҳия буд.

Дар ноҳияи Тоҷикобод зимни ин сафар як меҳмонхонаи замонавӣ ва дар ноҳияи Лахш роҳи марказии ноҳия ва як бинои истиқоматии дуошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Лахш ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшида, аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзон дидан намуданд. Дар охири силсилаи боздидҳои корӣ ба ноҳияҳои минтақа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт омада, нахуст бо намунаи дастовардҳои кишоварзони ноҳия шинос шуданд. Сипас Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия Маҷмааи варзишии Дониш- кадаи омӯзгории Тоҷикистон, Осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ, бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Коллеҷи тиббии ноҳияро ифтитоҳ намуда, дар боғи интенсивии «Пайванд-Рашт» бо ҳолати кори боғдорон ва дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва расму оинҳои миллии сокинони ноҳияи Рашт бо намунаи анъаноти мардум ва маҳсули дастони ҳунармандони ноҳия шинос шуданд.

Нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт дар барномаи рангину бошукӯҳи идонаи устодони санъат ва ҳаваскорон ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок ва суханронии пурмуҳтаво намуданд.

Дар соли ҷашнӣ силсилаи сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод ва Восеи вилояти Хатлон анҷом дода шуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 барои 624 ҷойи нишаст дар деҳаи Чашмасор, бинои маъмурии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия ва варзишгоҳи марказии навбунёдро ифтитоҳ ва аз боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур» ва намоиши дастовардҳои мардуми ноҳия дидан намуданд. Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали роҳи мошингарди Восеъ Ховалинг, беморхонаи №3 ва Маркази саломатии деҳаи Меҳнатободи ҷамоати ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, варзишгоҳ, майдони корти теннис ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 мавриди истифода қарор гирифта, дар ин ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намунаи дастовардҳои заҳматкашон ва намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳия, инчунин кори боғдорони хоҷагии деҳқонии «Файзи Саид шинос шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб ду мактаби замонавӣ, Маҷмааи Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ ва маркази хизматрасонии «Роҳи абрешим»-ро ифтитоҳ намуда, ба корҳои сохтмони бинои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, бинои минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва меҳмонхонаи муосири баландошёна дар хиёбони Исмоили Сомонӣ оғоз бахшиданд. Ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақа ва намунаи дастовардҳои ҳоҷагидорони шаҳри Кӯлоб шинос шуда, Оромгоҳи алломаи бузург Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд. Тантанаҳои бузурги ҷашнӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб хотирмону бошукӯҳ баргузор шуд.

Ҷараёни корҳои барқарорсозии иншооти тақдирсози давлату миллат Неругоҳи барқи обии Роғун ҳам дар соли 2016 таҳти назорати қатъии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Моҳи августи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом доданд ва бо корҳои таъмиру навсозии иншооти НБО Роғун шинос гардида, дар расми ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок карданд. 29 октябри соли 2016 дар мавзеи бунёди ин неругоҳи азим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савори техникаи вазнини корӣ зиёда аз якуним соат барои дигар намудани маҷрои дарёи Вахш сангу шағал пеш карда, ба оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун асос гузоштанд, ки ин барои мардуми Тоҷикистон масъалаи ҳаёту мамот мебошад. Дар ин рӯзи таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид бар он доштанд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат карда, барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ, барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Аз ҷумла, баъди ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода шаванд. Моҳи ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дуюм бо сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ташриф бурда, дар расми ифтитоҳи Корхонаи азими металлургии тоҷик, як меҳмонхонаи замонавӣ, маркази хизматрасонӣ ва як кӯдакистон иштирок намуданд. Сарвари давлат бо фаъолияти кишоварзони Корпоратсияи Баракат ва чорводорони хоҷагии навтаъсиси Абдурауф Юсуфов шинос шуданд.

Умуман дар ин соли пурфайзу бобарор дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат биною иншооти нави таъйиноти гуногун, корхонаҳои азими истеҳсоли семент, оҳану металлургӣ, истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ ва корхонаҳои бузур- ги нассоҷии дар мамлакат ва минтақа беназир мавриди баҳрабардорӣ қарор ги- рифтанд. Инҳо тадбирҳои муҳим дар роҳи таъмини рушди иқтисодии мамлакат ва муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ мебошанд, ки дар соли 2016 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шуданд. Ҳамчунин дар ин сол иншооти дигари азим роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар таъмини пайванди пойтахти мамлакат бо вилояти Хатлон нақши арзанда мегузорад. Дар охири сол ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2-ро бо иқтидори 300 мегаватт мавриди истифода қарор доданд, ки он имконияти энергетикии мамлакатро ба таври назаррас афзун менамояд.

Соли 2016 Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги ҷумҳуриявӣ ва минтақавии сармоягузорӣ муваффақ шуда, барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёт ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои муассир анҷом доданд. Натиҷаи амалӣ намудани чунин иқдомҳои бузург буд, ки дар ин сол ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ ҳафтуним миллиард сомониро ташкил дод, ки 51 фоизи он сармояи мустақим мебошад. Дар ин соли таърихӣ ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул карда шуд.

Умуман соли 2016 новобаста аз таъсири манфии омилҳои берунӣ бо ҷаҳду талошҳои рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷи- кистон рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин гардиданд. Дар ин сол ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он ба 6,9 фоиз баробар шуд. Бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар ва дар ин замина ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ соли 2016 дар мамлакат 251 коргоҳу корхонаҳои нав бо 9165 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Тавассути дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар доираи татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ 40 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойҳои корӣ таъмин гардида, умуман аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 114 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шуданд, ки аз ин 56 ҳазор ё худ 49 фоизи он ҷойи кори доимӣ мебошад. Таваҷҷуҳу дастгирии Пешвои миллат аз кори кишоварзони мамлакат дар соли 2016 имконият фароҳам овард, ки рушди устувори ин соҳаи ҳаётан муҳим идома ёфта, истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба маротиб афзуну таъминоти мардум бо маводи ғизоӣ аз солҳои пеш беҳтар гардад.

Натиҷаи дастуру тавсияҳои судманди Сарвари давлат буд, ки соли 2016 маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 22,2 млрд. сомонӣ баробар гашта, суръати афзоиш 5,2 фоизро ташкил намуд. Дар соҳаҳои иҷтимоӣ низ роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат барномаҳои зиёди муҳимро амалӣ намуданд, ки ҳадафи ҳамаи онҳо беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии мардум мебошад. Танҳо дар соҳаи маориф соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва навсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст. Месазад таъкид кард, ки дар ифтитоҳи қисми зиёди ин биноҳои нави мактабу дигар муассисаҳои таълимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита иштирок намуда, пайваста аз ҳолу аҳволи кормандони соҳа ва хонандагон бохабар мешаванд.

Дар соҳаи варзиш низ Тоҷикистон дар соли 2016 ба дастовардҳои бузурги ҷаҳонӣ ноил гардид. Дар остонаи таҷлил аз 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон музаффарияти беназири варзишгари номдори тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии Рио де Жанейро-2016 шуҳрату манзалати кишвари моро дар арсаи байнал- милалӣ аз пештара бештар гардонид. Дар ин рӯзҳо ин варзишгари номвар дар мусобиқоти гурзпартоӣ пешсафӣ нишон дода, барандаи медали тиллои бозиҳои олимпӣ гардид. Ин бори дигар собит сохт, ки варзишу тарбияи ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ногуфта намонад, ки дастоварди бузурги варзишии Дилшод Назаров аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври шоиста қадршиносӣ карда шуд.

Тавре таъкид гардид, соҳаи иҷтимоӣ дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олимақоми мамлакат мақоми шоиста дошта, ҳамасола маблағгузории соҳа ба маротиб афзун карда ме- шавад. Дар маҷмӯъ соли 2016-ум барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 52 фоизи хароҷоти буҷет, яъне 8,1 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Бояд гуфт, ки дар моҳи майи соли 2016 дар Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба баъзе моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй доданд. Иштироки бевоситаи Роҳбари давлат дар раъйпурсӣ далели воқеии арҷгузорӣ ба муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва иштироки фаъол дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Ҳамчунин дар соли 2016 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита дар кори ҷаласаҳои Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар охири сол Паёми солонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири сол баргузор гардид, нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2016 натиҷагирӣ ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2017 муайян карда шуданд.