Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

СИЁСАТИ ХОРИҶӢ

0

arabiaДар сиёсати байналмилалии Тоҷикистон низ соли 2016, ки соли ҷашнвораи бузурги истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, пешравиҳои зиёд ба даст омаданд. Ин соли таърихӣ аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Арабистони Саудӣ, зиёрати Хонаи Худо, Оромгоҳи Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ва дар маҷмӯъ бо дуою фотиҳаи неки Сарвари давлат дар ин макони муқаддас дар ҳаққи Тоҷикистон ва сокинони сарбаланди он оғоз гардид. Соли 2016, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёрати Қиблаи муъминон оғоз гардид, дар маҷмӯъ бобарору манфиатбор буд. Дар давоми сол ҳам миллати тоҷдору тоҷбарсар дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбию музаффариятҳои беназир ноил шуданд. Дар сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Арабистони Саудӣ дар маҷмӯи муносибатҳои ду давлати дӯсту шарик таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуқуъ пайваста, аз ҷумла панҷ санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки таҳкимбахшандаи пояҳои ҳуқуқии робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои илм ва технология, маориф, ҷавонон ва варзиш, алоқаи ҳавоӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мебошанд.

Барои муаррифии ҳарчӣ бештари Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва дарёфти роҳу усулҳои нави мусоидат ба рушди ҳамкории байнидавлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2016 ба кишварҳои дигари сайёра сафарҳои расмию давлатӣ ва корӣ анҷом доданд, ки нақши ин боздидҳо дар беҳбудбахшии равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хеле муассир аст. Аз ҷумла, зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб Изҳороти муштарак оид ба густариши ҳамкории шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо терроризм, Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба интиқоли маҳкумшудагон, Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии сайёҳӣ ва осори қадимаи Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ ба имзо расида, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти олимақоми ин кишвар ва роҳбарону намояндагони ширкату марказҳои гуногуни хайриявӣ суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом доданд.

Дар моҳи майи соли 2016 бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ташриф оварданд. Дар анҷоми ин сафар пас аз мулоқоту музокироти сатҳи баланди дуҷониба Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод ба имзо расид.

Дар доираи боздиди расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Давлати Кувайт ба имзо расидани Протокол дар бораи доир намудани машваратҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории амниятӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маълумоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба алоқаи ҳавоӣ, Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайт оид ба рушди иқтисодиёти арабро метавон қадами устувору боварибахши роҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон дар роҳи мусоидат ба таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ бо мамолики Араб маънидод намуд. То анҷоми сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт маҷмӯи санадҳои ҳамкории дуҷониба 11 ададро ташкил медоданд, ки дар натиҷаи ин боздид шумораи онҳо ба 17 адад расонида шуд.

Рушду тавсеаи муносибатҳо бо кишварҳои Осиё, Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ пайваста дар меҳвари сиёсати хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар соли 2016 дар ин самт тадбирҳои сиёсати дарҳои боз ба таври боварибахш идома дода шуд. Бо анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Индонезия дар охири моҳи июл ва оғози моҳи август пояҳои ҳуқуқию қарордодии санадҳои ҳамкории байнидавлатӣ таҳкиму тавсеа ёфта, ҷамъи санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои ду давлат ба 10 адад расонида шуданд.

1-уми декабри соли равон баъди анҷоми боздиди кории бобарор аз Венгрия, сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чехия оғоз шуд. Дар Ҷумҳурии Чехия баъд аз баргузории мулоқоту музокироти сатҳи баланд Изҳороти муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба таҳкими ҳамкориҳо қабул гардид. Ҳамчунин дар ҷараёни ин сафар Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия оид ба алоқаи ҳавоӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Чехия, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи саноатчиёни Ҷумҳурии Чехия ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Чехия ба имзо расид.

Соли 2016 дар таърихи муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Шри-Ланка нахустин сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳу- рии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи наверо боз намуд. Дар ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқотҳои судманд бо роҳбарияти Шри-Ланка анҷом дода, дар мулоқот бо доираи тоҷирону соҳибкорони муваффақи ин давлат иштирок карданд. Ҳамчунин қабули Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва имзои Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри–Ланка, Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Ёддоштнома бай- ни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати стратегияи рушд ва тиҷорати байналмилалии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка дар мавриди мувофиқасозии созишнома оид ба ҳамкории мутақобила, Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Шри-Ланка ва Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи тиҷорати Коломбо оид ба рушди тиҷорати дуҷониба ва ҳамкории соҳибкорони ду кишварро метавон аз муваффақиятҳои олии ин сафари расмӣ арзёбӣ намуд.

Баъди анҷоми сафари бобарори расмӣ аз Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри – Ланка 16 декабри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ҳиндустон омаданд. Дар шаҳри Ню Деҳлӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ, Сарвазир Нарендра Модӣ ва дигар шахсиятҳои олимақоми давлату ҳукумати ин кишвар дидору мулоқотҳои судманд анҷом дода, дар расми қабул ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Баёнияи муштарак оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон, Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз пардохти андоз аз даромад, Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҳиндустон оид ба ҳамкории дар соҳаи мубодилаи иттилоотии мақомоти кашшофии молиявӣ вобаста ба қонунигардонии “расмикунонии” даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прасар Бҳарат — Хадамоти ҷамъиятии радио ва телевизиони Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи радио ва телевизион ва табодули барномаҳои аудиовизуалӣ иштирок намуданд. Умуман дар ҷараёни сафарҳои расмию давлатии Пешвои миллат ба мамолики хориҷӣ, ташрифи роҳбарияти олимақоми дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ соли 2016 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамшарик бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 35 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расида, сатҳу сифати ҳамкориҳои дуҷониба ба маротиб ва беш аз пеш беҳтар гардонида шуданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар соли 2016 ҳамчунин Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланди Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими сатҳи байналмилалию минтақавӣ ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон ва Федератсияи Русия сафарҳои корӣ анҷом доданд.

Соли 2016 бо Қатъномаи СММ ва ҷонибдории беш аз 190 кишвари ҷаҳон қабул гардидани ташаббуси нави башардӯстонаи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” мақому манзалати Тоҷикистон ва обрӯю шуҳрати мардуми сарбаланди онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештар гардонид. Моҳи марти соли 2016 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ёнг Ким бо ирсоли нома аз интихоб ва пазируфта шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти “Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об” хабар доданд. Қарор дар бораи таъсиси Панели мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои аъзои СММ моҳи сентябри соли 2015 дар Маҷмаи умумии СММ дар доираи 17 Ҳадафи Рушди Устувор ҳамчун идомаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола қабул гардида буд. Боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, ӯро аз байни роҳбарони 193 кишвари аъзои СММ ба Панели сатҳи баланди 15-нафара, ки ҳама роҳбарони кишварҳои ташаббускор дар масъалаҳои об мебошанд, интихоб намуд. Узвияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои дигари ин панел аз моҳи январи соли 2016 оғоз ёфта, ду сол идома хоҳад дошт. Ба узвияти ин панели сатҳи баланд пазируфта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як далели пешсафии давлати мо ва Пешвои миллат дар ҳаллу фасли масоили ҷаҳонии об ва дар таҳкими эътибори байналмилалии Тоҷикистон аст.

Дар идомаи ташаббускорӣ дар ҳалли масоили мубрами байналмилалии вобаста ба об моҳи августи соли 2016 дар пойтахти мамлакатшаҳри Душанбе бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” баргузор гардид, ки дар кори он зиёда аз 700 нафар намояндаи воломақом аз 90 кишвари олам, 47 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СММ ва 17 сохтору ниҳоди зертобеи он, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва дигарон иштирок намуданд. Моҳи ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Саммити оби Будапешт дар Венгрия иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво суханронӣ карда, таваҷҷуҳи ҷомеи ҷаҳониро бори дигар ба масоили доғи рӯз, яъне ҳалли саривақтии мушкилоти марбут ба об дар сайёра ҷалб сохтанд. Дар рӯзҳои охири ин соли таърихӣ, яъне 21 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Қатъномаи худ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор”, 2018-2028-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул намуд. Дар робита ба ин Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ва Раиси Маҷмаи Умумии ин созмони ҷаҳонӣ Питер Томсон бо ирсоли номаи табрикӣ ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон ва мардуми шарафманди тоҷикро бо қабули муваффақонаи қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 самимона шодбош гуфтанд.

Дар номаҳои табрикӣ изҳори боварӣ карда шудааст, ки Даҳсолаи нави марбут ба масъалаҳои рушди устувор ва истифодаи ҳамгироёнаи захираҳои обӣ, пешбарии ҳамкориҳо ва шарокат дар ҳама самтҳо метавонад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои байналмилалии тасдиқшудаи марбут ба об, бахусус он ҳадафҳое, ки дар Рӯзномаи Рушди Устувори 2030 инъикос шудаанд, мусоидат менамояд. Хотиррасон менамоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2015 дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея бо назардошти идомаи татбиқи амалии тадбирҳои нақшавӣ дар чаҳорчӯбаи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» ва барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор пешниҳод намуданд, ки Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об ба хотири рушди устувор» эълон карда шавад. Даҳсолаи дуюми байналмилалии амали «Об ба хотири рушди устувор», 2018-2028 ташаббуси чоруми ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон мебошад, ки бо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибдории давлатҳои аъзои ин созмони муътабар қабул карда мешавад.

Маҷмуан соли 2016 Тоҷикистони соҳибистиқлол дар партави сиёсати хориҷии дарҳои бози Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба як сарзамини меҳмоннавоз ва баҳаморандаи роҳбарони кишварҳои гуногуни сайёра ва макони чорабиниҳои бузурги сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфта буд. Моҳи майи ин сол татбиқи лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқи КАСА-1000, ки барои кишварҳои минтақа ҳамчун рамзи шурӯи ҳамкориҳои воқеӣ байни давлатҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аҳамияти таърихӣ дорад, оғоз гардид. Дар ин чорабинии муҳим Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Навоз Шариф, Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Доктор Абдулло Абдулло ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков иштирок намуданд, ки намунаи олии таваҷҷуҳ ва изҳори омодагию ҳавасмандии роҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи ҳамгироии густурда ва ҳамдастии созандаи кулли кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мебошад.

29 сентябр бори нахуст дар мамлакат “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” қайд карда шуд, ки дар чорабинии тантанавӣ ба ин муносибат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҳамин рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои хуштарҳу замонавии Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ногуфта намонад, ки дар раванди пешбурди сиёсати хориҷии дарҳои боз, рушду тавсеаи муштаракоти дуҷониба ва бисёрҷониба ва таҳкими робитаҳои шарикию ҳамсоягии нек дар соли 2016 ҳамчунин дидору мулоқотҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе ва дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бо роҳбарону намояндагони воломақоми давлатии кишварҳои хориҷӣ, ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ, ниҳодҳои дипломатию сиёсати хориҷӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳои бонуфузи молиявию иқтисодии байналмилалӣ ва қабули эътимодномаҳои сафирони навтаъини як қатор мамолики хориҷӣ нақши муасир гузоштаанд.

Дар соли таърихии 2016 дар баробари истиқболи сазовори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар санаҳои фархундаи давлату миллат, аз қабили Рӯзи Модар, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Парчами миллӣ, Рӯзи Ғалаба, Иди саиди Фитр ва Иди Қурбон таҷлил карда шуданд, ки дар танта- наҳои ҷашнии аксари онҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Ҳамчунин дар бештари дигар рӯзҳои ҷашнӣ Пешвои миллат тавассути Паёмҳои шодбошии телевизионӣ мардуми шарифи мамлакатро бо ин санаҳои фархунда табрику таҳният гуфтанд.

Ҳамин тавр бояд қайд намоем, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон хусусиятҳои фарқкунандаи соли 2016 аз солҳои дигари соҳибистиқлолӣ ба маротиб бештару назаррастар мебошад. Дар ин соли истиқболи сазовор аз 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат таҳаввулоти ҷиддӣ ва беназир ба вуқуъ пайвастанд:

Якум: бо дастгирию таваҷҷуҳ ва талошҳои бесобиқаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ба татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи КАСА-1000 оғози расмӣ бахшида шуд, ки рамзи шурӯи ҳамкориҳои воқеӣ байни кишварҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ буда, аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дорад.

Дуюм: роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, ки аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дорад, маҳз бо иқдомоти созанда ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Мавриди истифода қарор гирифтани роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа — Кӯлоб дар қатори дигар дастовардҳои даврони истиқлолият барои боз ҳам беҳтар шудани некӯаҳволии сокино- ни мамлакат ва пешрафту тараққиёти иқтисоди мил- лии Тоҷикистон нақши басо муҳиму арзишманд гузошта, ба рафтуомади осону арзони мусофирон ва боркашонӣ аз марказ ба ҷануби мамлакат хаматарафа мусоидат менамояд.

Сеюм: дар шаҳри Ваҳдат Корхонаи металлҳои ранга ва Корхонаи ғанигардонии маъдани «Покрӯд» ба истифода дода шуданд. Ба фаъолият оғоз кардани корхонаи металлҳои қиматбаҳо ва фабрикаи ғанигардонии маъдан дар шаҳри Ваҳдат аз ҷумлаи иқдомҳои созандае мебошад, ки дар ба- робари тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат, ҳамчунин дар масъалаи таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои кори доимӣ аҳамияти назаррас доранд.Дар ҳар ду корхона зиёда аз 1100 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷойи кор таъмин шудаанд ва солҳои оянда вобаста ба афзудани иқтидорҳои истеҳсолӣ шумораи ҷойҳои нави корӣ дар ин корхонаҳо бамаротиб зиёд мегардад. Танҳо дар сурати пурра фаъол гардидани истеҳсолот дар Фабрикаи ғанигардонии маъдани «Покрӯд» имконият фароҳам оварда мешавад, ки то 2 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гарданд; дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи азими сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр — Суғдсемент» бо иқтидори беш аз як миллион тонна ва 1300 ҷойи нави корӣ ва дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чжунгтсай Моҳирсемент” бо иқтидори 1 миллиону 200 тонна ва наздик ба 850 ҷойи корӣ бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд; дар ноҳияи Ёвон ҳамчунин Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд, ки аз иқдомҳои бузург ва талошҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди бемайлони соҳаи саноат, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, паст кардани шиддати воридоти маҳсулоти хориҷӣ ба Тоҷикстон ва афзун намудани нишодиҳандаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад; дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон навбати аввали Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии “Ҷунтай-Данғара Син-Силу текстил” ифтитоҳ карда шуд, ки дар бунёди марҳалаи якуми он 600 миллион сомонӣ сармоягузории мустақим ҷалб шуда, 600 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Ин корхона 3 даври пурраи коркарди пахтаро фаро гирифта, дар он истеҳсолоти ресандагӣ бо коркарди беш аз 52 ҳазор тонна нахи пахта, бофандагӣ бо истеҳсоли зиёда аз 150 миллион метри мураб- баъ матои пахтагин, рангуборкунии 10 ҳазор тонна ришта ва даври ниҳоӣ дӯзандагӣ бо истеҳсоли як миллион дона маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст. Дар оянда баробари ба анҷом расидани марҳалаҳои дуюм ва сеюми корхона, дар маҷмӯъ, 6 ҳазор нафар сокинони мамлакат соҳиби ҷойи корӣ мегарданд; дар шаҳри Ҳисор Комбинати металлургии тоҷик мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ин корхонаи азими саноатӣ аз 6 сехи истеҳсолӣ иборат буда, дар соли аввал 120 ҳазор тонна маъдан истеҳсол ва коркард мекунад ва нишондиҳандаи истеҳсолӣ солҳои оянда то ба 200 ҳазор тонна расонда мешавад.

Чаҳорум: бо иштирок ва саҳмгузории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони сарбанди бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ – Неругоҳи барқи обии Роғун, ки барои давлату миллат иншооти ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад, оғози расмӣ бахшида шуд.

Панҷум: маркази барқу гармидиҳии «Душанбе -2» пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, баробари ба истифода додани навбати дуюми Марказ бо иқтидори 300 мегават, иқтидории умумии он якҷоя бо навбати аввал ба 400 мегават баробар шуд.

Шашум: натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзишу тарбияи ҷисмонӣ дар соли 2016 самари дилхоҳ оварданд. Дар ин соли таърихӣ варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандози Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио де Жанейрои Бразилия ғолибият ба даст оварда, сазовори медали тиллоии ин бозиҳо гардид. Ба медали тиллоии мусобиқоти ҷаҳонӣ ноил шудани Дилшод Назаров дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат руйдоди фараҳбахшу беназир буда, Тоҷикистонро машҳури ҷаҳон гардонид ва Парчами миллии давлати тозаистиқлоро партавафшону мардуми шарафманди ин сарзаминро дар сайёра боз ҳам ифтихорманду сарбаланд кард. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2016 Дилшод Назаров барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро -2016 бо мукофоти давлатӣ Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонида шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Дилшод Назаров 300 000 (сесад ҳазор) сомонӣ тақдим намуданд, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми августи соли 2016 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.

Ҳафтум: дар рӯзҳои охири соли 2016 бо Қатъномаи СММ ва ҷонибдории беш аз 190 кишвари ҷаҳон ташаббуси нави башардӯстонаю ҷаҳонии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” қабул шуд ва Сарвари давлат бо ин ташаббуси беназири ҷаҳонии худ бори дигар мақому манзалати Тоҷикистон ва обурӯю шуҳрати мардуми сарбаланди онро дар арсаи байналмилалӣ бештар гардонид.

Дар маҷмуъ соли 2016 новобаста аз ҳама мушкилоту душвориҳо барои давлату миллати тоҷик соли сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, дар ин сол Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ба таъмини зиндагии шоистаи мардум, пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва пешгоми дар ҳалли масоили мубрами минтақа ва ҷаҳон муваффақ шаванд ва кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ аз пештара бештар маъмулу машҳур гардонанд. Таъкид намудан ба маврид аст, ки бунёди иншооти хурду бузурги таъиноти иқтисодӣ, саноатӣ, энергетикию иҷтимоӣ ва умуман, кулли дигаргуниву ободонӣ ва созандагиҳои Тоҷикистон дар соли 2016, баракати сиёсати бобарору созандаи иқтисодию иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самараи истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаи сокинони мамлакат мебошанд, ки танҳо ба хотири пешрафту тараққиёти бемайлону босуботи Тоҷикистон амалӣ шудаанд.

Пешравию дастовардҳои беназири соли 2016 ва умуман муваффақиятҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ, ки бо заҳмату талошҳои ҳамарӯзаи Асосугазори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, аз ҳар яки мо шаҳрвандони ин сарзамини бостонӣ шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ, суботу оромӣ, рӯзгори ободу осоишта ва заҳмати бештарро ба хотири ояндаи боз ҳам босаодати Ватан тақозо менамояд.

Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА, доктори илмҳои таърих, профессор. Самариддини АЙНИДДИН, Муовини Роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА, Аълочии матбуоти Тоҷикистон АМИТ “Ховар”