Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имзои Созишномаҳои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Федератсияи Россия

55f7c1f4df59a_1442300404

Сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзҳои 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду давлат дар таърихи 27-28 феврали соли 2017 ҷараён гирифт, бо натиҷаҳои пурарзиш барои ҳар ду ҷониб ба охир расид. Ин боздидро метавон нишони олии таваҷҷуҳи бесобиқаи роҳбарияти сатҳи олии ин кишвар ба дурнамои муносибатҳои неку дӯстона ва шарикии стратегӣ бо Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Дар доираи ин сафар дидору вохӯрии хосаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва мулоқоту музокироти сатҳи баланди байнидавлатӣ баргузор шуда 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла: — Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист; — Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи фелдегерии ҳарбии почта; — Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна; — Созишнома миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ; — Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ; — Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2017.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми бузург ва талошҳои созандаю иқдомҳои пайваста дар роҳи рушду тавсеаи бесобиқаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ва дӯстии халқҳои Тоҷикистону Россия бо мукофоти олии Федератсияи Россия  Ордени Александр Невский сарфароз намуд.

Созишномаи ҳамкории Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

Бо назардошти принсипҳои рушди устувор Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зистро аз тарафи Тоҷикистон, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ва аз ҷониби Россия, Вазири захираҳои табиӣ ва экологияи Федератсияи Россия Сергей Ефимович Донской ба имзо расониданд. Созишнома аз 10 модда иборат буда, муҳлати панҷ солро дарбар мегирад.

Тибқи моддаи 2-и Созишномаи мазкур Ҳамкории Тарафҳо дар самтҳои асосии зерин ба роҳ монда мешавад:

1) ҳифзи ҳавои атмосферӣ аз таъсироти зараровар;

2) ҳифз ва истифодабарии оқилонаи захираҳои обӣ;

3) нигоҳдории гуногуншаклии биологӣ, нигоҳдорӣ ва омӯзиши олами наботот ва ҳайвоноти нодире, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд, омӯзиши масъалаҳои бехатарии биологӣ;

4) мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва таназзулёбии замин;

5) рушди низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

6) танзими интиқоли байнисарҳадии партовҳои зараровари истеҳсолию маишӣ;

7) рушди ҳамкорӣ доир ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим;

8) беҳдошти вазъи муҳити зист дар шаҳрҳо ва нуқтаҳои маҳалли зист;

9) танзими ҳуқуқӣ ва идоракунӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

10) таҳияи меҳанизмҳои иқтисодии ҳифзи муҳити зист;

11) таҳкими ҳамкорӣ байни пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист;

12) омӯзиши таҷрибаи ҷалби сармоя барои ҳалли мушкилоти вобаста ба нигоҳдорӣ, коркард ва безараргардонии партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ;

13) рушди ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои ташкил ва гузаронидани мониторинги давлатии экологӣ ва омори экологӣ;

14) ҷанбаҳои методӣ дар ҳалли мушкилоти ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷатгузории меъёрӣ ва методӣ;

15) ташкил ва татбиқи назорати давлатии экологӣ;

16) арзёбии таъсирот ба муҳити зист;

17) тарбия ва маърифати экологӣ;

18) мубодилаи иттилоотӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист.

Ҳамкории байни Тарафҳо мувофиқи моддаи 3-и Созишномаи мазкур дар шаклҳои асосии зерин амалӣ мегардад:

1) мубодилаи таҷриба оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва методӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи табиат;

2) мубодилаи ҳуҷҷатҳои илмию техникӣ ва иттилоотӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи табиат;

3) табодули таҷриба дар соҳаи ташкил ва фаъолияти ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда;

4) мубодилаи таҷриба оид ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати экологӣ;

5) гузаронидани машваратҳои илмӣ-таҷрибавӣ, коромӯзӣ ва табодули таҷриба;

6) мубодилаи таҷриба дар самти рушди сайёҳии экологӣ;

7) ташкил ва гузаронидани таҳқиқоти муштарак ва корҳои озмоишӣ, мубодилаи натиҷаҳои таҳқиқоту таҷрибаҳо ва хулосаҳои коршиносон;

8) ташкили конференсияю симпозиумҳо ва намоишҳои муштарак дар бахши экологӣ;

9) амалӣ намудани барномаю лоиҳаҳои муштарак;

10) табодули маърӯзаҳо роҷеъ ба вазъи муҳити зист.

«Инсон ва табиат»