Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАВАҶҶУҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои беҳдошти муҳити зист таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳамасола дар корҳои созандагиву ободонӣ нахустин шуда саҳм мегузоранд. Шуруъ аз рӯзҳои аввали фасли баҳор Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири мусоидат ба беҳдошти ҳифзи табиат ва ободонии ҳар як гӯшаву канори мамлакат маъракаҳои умумии ниҳолшинонӣ ташкил менамоянд. Супоришҳое, ки Сарвари давлат рӯзи 2 феврал ба Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бобати боз ҳам обод кардани хиёбонҳо ва мавзеъҳои сайру гашти сокинон дода буданд, то имрӯз иҷро гардид. Ҳамон рӯзи 2 феврал Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини дигар идораҳои давлатӣ барои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, доир ба тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, баҳри ободу зебо гардонидани гулгашту хиёбонҳо, Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон, хиёбони назди фурудгоҳ, майдони муҷассамаи Садриддин Айнӣ, инчунин роҳҳои марказии пойтахт дастуру ҳидоятҳо дода буданд. Тавре маълум гардид, то имрӯз масъулини шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои ҳидоятҳои Пешвои миллат қадқади дарёи Душанбе дар маҳалли Наврӯзгоҳи пойтахт ва дигар мавзеъҳо дарахтони зиёди ороишию сояафкан шинонидаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти идораҳои дахлдор, ки фаъолияташон ба корҳои ободонӣ равона гардидааст, дастур дода буданд, ки то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ин дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинонида шавад.