Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАШАРИ УМУМИИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

3jKg6yb-Hls

Пешвои миллат субҳи рӯзи 8 март  дар ҷашни Рӯзи модар чун анъанаи накӯи баҳорӣ ва рамзи иди Наврӯзи байналмилалӣ бо Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сомони Эмомалӣ дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар пойтахт иштирок карданд. Ҳашари ниҳолшинонӣ тибқи нақшаи асосии ободонию бунёдкорӣ ва азнавсозии пойтахти кишвар  шаҳри Душанбе дар майдони боғи Нишони давлатӣ сурат гирифта, ба хотири зебою озода кардани хиёбонҳои шаҳр дарахтони зиёди ороишию ҳамешасабз, ки ҳамзамон ба саломатии инсон фоида дошта, боиси болидахотирию руҳбаландии сокинону меҳмонон мегардад, шинонида шуд. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар майдони Нишони давлатӣ, роҳрави Хиёбони Дӯстии пойтахт ва Боғи ба номи устод Рӯдакӣ сурат гирифт, аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандонашон асосан дарахтони ороишию сояафкани аз Аврупо ба Тоҷикистон воридгардида, шинонида шуд. Дар маҷмуъ он рӯз беш аз 430 адад ниҳоли дарахтони нодиру ҳамешасабз, аз ҷумла беш аз 70 ниҳоли каштан, 120 дарахти олуи канзанӣ, 95 адад ниҳоли магнолияи ҳамешасабз, 120 адад дарахти кипарис ва мажевелник шинонида шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нигоҳубини хуби ин дарахтон, тозаю озода кардани муҳити атроф ва дигар тадбирҳо ба хотири таҷлили сазовори ҷашни байналмилилалии Наврӯз ба масъулини ҳукумати шаҳри Душанбе ва дигар идораҳои давлатӣ дастуру супоришҳо доданд.

АМИТ «Ховар»