Муҳокимаи ҷабҳаҳои фаромарзии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ дар машварати минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Намояндагони 5 кишвари дорои бабри барфӣ ҳамкориҳои фаромарзиро барои ҳифзи экосистемаҳои ин намуди нодир равона менамоянд.

Рузҳои 10-12 апрели соли 2019 дар Вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати минтақавӣ доир гардид, ки дар он олимон, мутахассисон, тадқиқотчиён ва намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна таҷрибаҳо ва афзалиятҳои ҳамкориҳои фаромарзиро барои ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ муҳокима намуданд. Машварати минтақавӣ бо дастгирии лоиҳаи БРСММ/ФГЭ доир ба ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ доир гардид. Зиёда аз 50 нафар иштирокчиён роҳбарият ва мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Суғд, пажуҳишгоҳои илмию тадқиқотӣ Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон, инчунин намояндагони Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳиди Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Қазоқистон доир ба таҷрибаҳо, дастовардҳо, методу усулҳои нави ҳифзи экоситемаҳои баландкуҳ ва табиати ёбоӣ баромаду муҳокимаҳоро карда шуд.

Дар рӯзномаи машварат аҳамияти хоса ба дастовардҳои кишварҳои ҳамсарҳад дар амалисозии Барномаи глобалии  ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ (GSLEP) зоҳир карда шуд. Намояндаи махсуси Котиботи барномаи бабри барфӣ доир ба дастовардҳо дар сатҳи глобалӣ ва дар муҳокимаҳо доир ба афзалиятҳо ва нақшаҳо дар сатҳи минтақавӣ табодули назар намуданд.

Мавзуҳои асосии машварат – табодули таҷрибаҳои беҳтарини кишварҳо, ташаббусҳо доир ба ҳамкориҳои якҷоя дар баландкуҳҳои Осиёи Миёна буданд.  Таваҷуҳи хоса оид ба расидан ба ҳадафҳои барномаи глобалии стратегӣ «20 манзараҳо то 2020 сол», барномаҳои гуногуни ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла ташкил намудани «Парки дустӣ» зоҳир карда шуд. Раванди иҷроиши эъломияҳои глобалӣ ва минтақавӣ доир ба бабри барфӣ ва иҷроиши онҳо низ дар Осиёи Миёна мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Мутахассисон, олимон, мушовирон бо руномаҳо доир ба экосистемаҳои бабри барфӣ ва популятсияи он, оиди ташаббусҳои нав дар самти сиёсат, таҷрибаҳо, иштироки ҷомеаҳо ва маълумотноки ва огоҳнамоӣ доир ба бабри барфӣ баромадҳо пешниҳод намуданд. Ин ҳама асос барои муҳокимаҳо ва гуфтушунидҳо гардид.

Дар гурӯҳҳои корӣ барои хотима додан ва имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ гурӯҳҳои корӣ аз кишварҳо тағйироту иловаҳоро ба матни Ёдошти тафоҳум ворид намуданд ва механизмҳои имконпазир ва самарабахши татбиқи самаранок, аз ҷумла таъсиси системаи ягонаи мубодилаи иттилоотщои илмӣ доир ба ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ ва намудҳои шикории он муайян намуданд.

Дар фарҷоми машварат Мувофиқаномаи Суғд (Ходженская Резолюция) қабул гардид, ки дар он самтҳои асосии ҳамкориҳои байнисардиву фаромарзӣ барои таҳкими ҳамкориҳои судманд дар самти ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои бабри барфӣ ва намудҳои шикории он дар минтақаи Осиёи Марказӣ дарҷ гардидаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *