Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШИНОСОИИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

2

Рӯзи 28 апрели соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамчунин дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо ҷараёни корҳои таъмиру таҷдиди роҳи кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудов шиносоӣ пайдо намуданд. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳо дар ин самт ҳанӯз ду моҳ қабл оғоз ёфта буд ва то рӯзи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ пурра ба сомон расонида мешаванд. То ин дам дар 4 роҳрави кӯчаҳои мазкур корҳо пурра анҷом ёфта, боз 15 роҳрави дигар барои асфалтпӯш намудан омода карда шудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сохтмончиён таваҷҷуҳи онҳоро ба анҷоми босифати корҳо ҷалб карда, масъулинро вазифадор намуданд, ки назорати сифати иҷрои корҳоро ҷиддӣ ба роҳ монанд. Ҳамон рӯз ҳамчунин бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои навсозии роҳи мошингарди кӯчаи Муродулло Шерализодаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз гардиданд. Дар асоси лоиҳа 9 кӯчаи таъмирталаби шаҳри Душанбе навсозӣ карда мешаванд, ки 141 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегиранд. Дар кӯчаҳои таъмиршаванда барқарорсозии канорасангҳо ва ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ амалӣ гардида, асфалтпӯшкунии роҳҳо оғоз шуд. Ҳамзамон навсозии роҳҳои 10 кӯчаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дарозии 15 километр идома дорад. То имрӯз таъмири роҳҳои кӯчаҳои Юсуф Вафо ва Пахтакор ба итмом расида, дар дигар қитъаҳо корҳои сохтмонӣ идома доранд.

***

Дар ноҳияи Сино Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамчунин барои бунёди бинои марказӣ ва таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” санги асос гузоштанд. Иншооти асосӣ аз се би- нои 9 ва 4 ошёна иборат мебошад. Дар бинои асосӣ бунёди толори маҷлисгоҳ бо 1000 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаҳои таълимӣ, китобхона бо толори хониш ва толорҳои хурди дарсӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ҳудуди иншоот инчунин сохтмони се бинои нави таълимӣ, ошхона бо 300 ҷойи нишаст, 4 бинои 12-ошёнаи хобгоҳ барои донишҷӯён, 2 бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон, майдону толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, бинои озмоишгоҳ, майдони теннис, минтақаи хоҷагӣ ва боғ дар назар дошта шудааст. Инчунин дар қисми даромадгоҳи асосии донишгоҳ бунёди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино пешбинӣ гардидааст.

***

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳраки Шифобахш Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” — и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти замонавии тиббӣ соли 2014 оғоз гардида, соли 2016 ба анҷом расонида шуданд. Озмоишгоҳи миллии референсӣ баъди бо таҷҳизоти тиббии муосир пурра таъмин гардидан аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат аст. Дар озмоишгоҳ тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳанд, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками неруи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод шаванд.

***

3Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Тӯрақул Зеҳнии ноҳияи Шоҳмансур ба бунёди Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё, ки дорои 420 ҷойи нишаст дар як баст мебошад, оғози расмӣ бахшиданд. Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё аз ду бинои 5-ошёна бо таҳхона иборат буда, масоҳати умумии он 6 ҳазору 500 метри мураббаъро дар бар мегирад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба бинокорон барои анҷоми босифати корҳо дастур дода, истифодаи масолеҳи сохтмонии баландсифатро дар иншоот аз тадбирҳои муҳими хизмати он барои чандсолаҳо арзёбӣ намуданд. Таъсис ва ба фаъолият шурӯъ гардидани Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё дар самти рушди соҳаи маорифи кишварамон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Зеро талаботи ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки бо мақсади таълиму тарбияи дурусти ҷавонон ба соҳаи маорифи кишвар диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, раванди таълимро ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намоем. Ҳайати омӯзгорону устодон дар ин муассиса аз доираи беҳтарин муаллимони соҳибкасбу соҳибтаҷрибаи Бритониё даъват гардида, машғулиятҳову дарсҳо ба хонандагон бо истифода аз усули муосири таълим ба роҳ монда мешаванд. Тибқи дурнамо ва мувофиқаҳои қаблӣ бо шарикони бритониёвӣ, дар заминаи Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё ташкил намудани имтиҳоноти қабул ҷиҳати идомаи таҳсил ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Бритониёи Кабир ба нақша гирифта шудааст.