Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАР МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД АНТОНИУ ГУТЕРРИШ БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСЪАЛАҲОИ ОБУ ЭКОЛОГИЯ БАҲОИ БАЛАНД ДОДА ШУД

_AKS6275

Санаи 11 июни соли ҷорӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон ташриф овард. Худи ҳамон рӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони мулоқот ва мубодилаи афкори судманд бо Антониу Гутерриш, ки ба ҳайси Дабири кулли СММ бори нахуст ба Тоҷикистон омадааст, изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамкории кишвари моро бо Созмони Милали Муттаҳид барои таҳкими низоми давлатдорӣ, ислоҳоти иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди устувор пурарзиш ва муҳим шумориданд.

Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон аз оғози узвияташ дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамкориҳои густурдаи созанда ва судмандро бо он ва ниҳодҳои тахассусиаш ба роҳ монда, барои фаъолияти бемайлони 23 бунёду барномаҳо ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид дар қаламрави давлат шароит фароҳам овардааст. Дар мулоқот барои саҳмгузории муштарак дар татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ таҳия ва қабул шудааст фикру мулоҳизаҳои судман баён гардид. «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ таҳия ва қабул шудааст, бо мақсадҳои рушди устувор пурра мутобиқ карда шудааст ва намояндагони СММ барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидани он му- соидат хоҳанд намуд», гуфт Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти ҳамкории Тоҷикистонро бо СММ дар истифодаи боэътимод ва самараноки имкониятҳои энергетикӣ, василаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ ва иқтидорҳои бузурги кишоварзӣ таъкид доштанд. Дар ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир», ки рӯзи 12 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар минтақаву ҷаҳон ва иқдомҳои бузурги байналмилалии фарогири масъалаҳои обу экология баҳои баланд дода, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон- ро дар ин самт муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд. Ба андешаи Дабири кулли СММ, Тоҷикистон дар ин ҷода ниҳоят ташаббуси хуб нишон дода, ҷомеаи ҷаҳониро ба таври зарурӣ дар ҳаллу фасл намудани масъ- алаҳои мазкур водор намуд ва ҷамъ овард. «Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки аз таъсири тағйирёбии иқлим таъсири манфии зиёд мебинад. Бинобар ҳамин, мо ба мувофиқа омадем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои беҳтар намудани мубориза бар зидди тағйирёбии иқлим кӯшишҳои зиёд ба харҷ диҳад», ибрози ақида намуд Антониу Гутерриш.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар роҳандозии рӯзномаи марбут ба масъалаҳои оби Созмони Милали Муттаҳид фаъолона ширкат варзида, минбаъд низ ҳамчун ташаббускори баррасии масъалаҳои марбут ба об дар сатҳи байналмилалӣ дар татбиқи тадбирҳои мушаххас ҷиҳати истифодаи пойдори ин неъмати ҳаётан муҳим саҳми фаъол мегузорад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018- 2028, ки дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об – 22 марти соли 2018 амали он оғоз мегардад, қадами устуворе дар раванди татбиқи ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад гашт. Ҷонибдории Тоҷикистон аз ташаббусҳои глобалии “энергияи устувор” ва “энергияи сабз” барои ҳама бори дигар таъкид гардида, истифодаи иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки аз лиҳози истеҳсоли барқи тоза беназир мебошанд, барои минтақа пураҳмият арзёбӣ шуд.

Антониу Гутерриш: «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИСТИФОДАИ САМАРАНОК, ОҚИЛОНА ВА УСТУВОРИ ЗАХИРАҲОИ ОБЇ НАМУНА АСТ»

12 июни соли равон Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, коршиносону донишмандон ва дигар намояндагони ниҳодҳои ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баъди иштирок дар Ҳамоиши махсуси сатҳи баланд таҳти унвони «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳди- ду хатарҳои муосир» аз мавзеи зебоманзари кӯли Сарез, ки дар он захираҳои бузурги оби тозаи ошомиданӣ мавҷуд аст, дидан карданд. Дар ин ҷо пешниҳод ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби мусаффои кӯли Сарез барои кишварҳои минтақа муаррифӣ карда шуд. Ҳангоми дидан кардан аз табиати нотакрори кӯли Сарез, шиносоӣ аз имконоти васеи захираҳои об ва таърихи пайдоиши он Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш Тоҷикистонро кишвари зеботарини ҷаҳон маънидод карда, аз ҷум- ла таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбаафлок, қуллаҳои барфпӯш, обҳои ширину мусаффо ва табиати дилфиребаш дили ҳар бинандаро тасхир мекунад. “Шумо мардуми хушбахт ҳастед, ки чунин кишвари зебо ва табиати нотакрор доред”,  иброз дошт Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш. Антониу Гуттериш зимни боздид аз кӯли Сарез, аз ин минтақаи кӯҳҳои Помир дар ҳайрат мондааст. Дар суҳбат бо хабарнигорони АМИТ «Ховар» ва Шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» Дабири Кул- ли СММ чунин гуфт:  «Зимни боздид аз кӯли Сарез, аз ин минтақаи кӯҳҳои Помир, мо бояд ду сабақ омӯзем. дар Аввал, пеш аз ҳама, мо мушоҳида менамоем, ки пиряхҳо об шуда истодаанд, ва бинобар ин ниҳоят муҳим аст, ки тамоми ҷомаеи байналмилалӣ барои андешидани тадбирҳои таъсиргузор ва гому талошҳои муассир дар ростои пешгирии зуҳуроту таъсири тағйирёбии иқлим ҷалб карда шавад ва иқдомҳои зарурӣ барои татбиқи Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим амалӣ гарданд. Силсилаи чораҳое андешида шаванд, ки мо тавонем ояндаи сайёраи худ ва инсониятро аз гирдоби хавфу падидаҳои хатарзои натиҷаҳои тағйирёбии иқлим раҳои бахшем. Аз дигар ҷиҳат, ҳангоме ки мо ба ин кули нодир назар меафканем, мо муқаддам аз ҳама, неъмати гаронбаҳои табиат обро мебинем. Кӯли Сарез мисоли хуби он мебошад, ки чи гуна мо бояд захираҳои обиро нигоҳ дорем. Мо бояд обро ба тарзи самаранок, ба шеваи устувор мавриди истифода ва истеъмоли худ қарор бидиҳем, Зеро ин неъмати табиат  об барои истеҳсоли нерӯи барқ сарвати муҳим маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, мо бояд онро дар саросари ҷаҳон ба таври самарнок ҳифз намоем, оқилона истифода барем ва боарзиш донем, то ки ин сарвати бебаҳои табии ба нафъи мардуми курраи замин хидмат намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили об дар арсаи байналмилалӣ пешниҳодҳои муфид намуда, пешсафии худро дар ин ҷода собит кард, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгирӣ қарор дода, шоистаи таҳсину қадр медонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истифодаи самаронок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ намуна аст. Хеле муҳим аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ аз ин шеваву усули истифода сабақ биомӯзанд, ба он пайрав ва пуштибон бошанд. Ин ҷабҳаи ниҳоят муҳим буда, моро водор месозад, ки барои боз ҳам беҳтар намудани мудирияти захираҳои об кӯшишҳои муштарак ба харҷ диҳем. Худи далели он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»- ро манзур намуд, шаҳодат аз он медиҳад, ки то чӣ андоза роҳбарияти олии кишвар, Президенти муҳтарами Тоҷикистон ба мавзӯи ҷаҳонии об аҳамияти хоса зоҳир мена- моянд. Дар ин радиф, барои ташвиқу татбиқи ин ибтикор муҳим аст, ки дар иттифоқ тадбирҳои муассир мавриди амал ва баҳрабардорӣ қарор дода шаванд. Мо ба ин хотир муваззафем то тамоми корҳои заруриро анҷом диҳем. Зимни сафарҳои худ ман қиёс меорам. Масалан, зодгоҳи ман Португалия барои бунёди сарбандҳо маблағҳои ҳангуфт, миллионҳо маблағ сарф намуд, аммо Худованд ба кишвари дилписанди Шумо сарбандҳои табиӣ ато кардааст, ин шаҳодати ҳикматест, ки Шумо мардуми назаркарда мебошед» гуфт дар фароварди суханаш Антониу Гутерриш. Хотиррасон мешавем, ки ин нахустин сафари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз нақш ва мавқеи сазовори кишвари мо бо ташаббусҳои муҳиму саривақтии сатҳи ҷаҳонӣ дар Созмони Милали Муттаҳид шаҳодат медиҳад.

«Инсон ва табиат»