Вохӯрӣ бо миссияи Бонки умумиҷаҳонӣ

10 апрели соли равон миссияи Бонки умумиҷаҳонӣ доир ба таҳия намудани  тафсири Барномаи  мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани  оқибатҳои он барои кишварҳои ҳавзаи Баҳри Арал (CAMP 4 ASB)  дар ҳайати роҳбари Лоиҳа Таяне Минасян ва дигар аъзоёни ҳайат бо Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода вохӯрӣ намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Барномаи мавриди назар барои баланд бардоштани  таҳкурсии дониш, огоҳонидани  аҳолӣ аз тағйирёбии иқлим, мусоидат оид ба дастгирии ёрии молиявӣ ва маънавӣ  ба маҳаллаҳо равона карда шудааст.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба  самтҳои  фаъолият  ва муҳлати татбиқи лоиҳа, сарчашмаҳои маблағгузорӣ, инчунин ҳолати татбиқи лоиҳаи мазкур  мавриди баррасӣ  қарор дода шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *