Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШАҲРИ ВАҲДАТ

Рахмон в Вахдате

Субҳи рӯзи 27 июни соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд. Сарвари давлатро дар даромадгоҳи шаҳр сокинони шаҳри Ваҳдат бо самимияти беандоза истиқбол гирифтанд. Пас аз пазироии гарму самимӣ, дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ як бинои 20 ошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор доданд. Ин бинои муҳташам аз 270 хонаи якҳуҷрагӣ ва дуҳуҷрагӣ иборат аст.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ моҳи августи соли 2015 аз ҷониби ҶДММ «Комил-2010» шурӯъ шуда, дар давраи сохтмон наздик ба 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин буданд. Дар ин ҷо Роҳбари давлат нахуст дар тӯйи арӯсию домодии 30 ҷавон ва хатнасури 20 дӯстрӯяк аз оилаҳои ниёзманд иштирок намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба ин кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Пас аз ба истифода додани бинои 20 ошёнаи истиқоматӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдатро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Тавре иттилоъ дода шуд, ин бино бо маблағи умумии 8 млн. 970 ҳазор сомонӣ бо ҷалби 60 нафар сохтмон- чии маҳаллӣ давоми се сол бунёд ёфтааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат дар деҳаи Шаҳдбори Ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилов бо вазъи истифодабарии заминҳои президентӣ шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд. Пешвои миллат ҳангоми мулоқот бо соҳибони ин қитъаҳои замин таъкид намуданд, ки аз заминҳои президентӣ дар шаҳри Ваҳдат ҳамчун хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, шаҳрвандон бояд самараноку оқилона истифода намуда, дар ин кор деҳқонони ботаҷриба ба хотири рӯёндани ҳосили фаровон бо олимони соҳаи кишо- варзӣ ҳамкорӣ намоянд.

Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарнисори шаҳри Ваҳдат корхонаи хурди истеҳсолӣ ва нуқтаи таъмири нақлиётро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва маркази таъмири нақлиёт аз тарафи роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушрӯз» Шамсулло Саъдуллоев бунёд шудааст. Масоҳати корхона 3 гектарро ташкил медиҳад. Дар сехи шарбатбарорӣ ва қитъаи заминҳои корхонаи мазкур наздики 100 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шуданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71 иштирок намуданд. Ин муассисаи таълимӣ, ки аз лиҳози меъморию сохтмонӣ ва имконияту шароити муосири таълиму тарбия назир надорад, дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузории ширкати чинии «ТВЕА» бо харҷи беш аз 12 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Бегоҳии рӯз баъд аз ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71-и шаҳри Ваҳдат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон иштирок варзиданд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди варзишгоҳи муҳташами навбунёд бо баландии 50 метр қомат рост кард. Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад. Изҳори эътимод карда шуд, ки аз ин пас дар ин макони зебо ҳамчун нишони садоқат ва меҳру муҳаббат ба рамзҳои давлатӣ чорабиниҳои мухталиф баргузор карда мешавад ва болафшонии Парчами давлатӣ дар назди варзишгоҳи навбунёд ифтихори миллии ҳар бошандаи шаҳри Ваҳдатро боло ва ҳисси меҳандӯстии сокинонро тақвият мебахшад.

Дар шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии шаҳр- ро бо 25 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Барои сохтмони варзишгоҳ 47 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр ва 20 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ пеш- бинӣ гардида буд. Варзишгоҳ аз 6 қисм иборат буда, дар он иншооти гуногуни хизматрасонӣ, аз қабили меҳмонхона, толорҳои варзишӣ, нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва бинои маъмурӣ бунёд гардидааст. Ҳамчунин оянда дар атрофи варзишгоҳ сохтмони боғи фарҳангию фароғатӣ, сохтмони Маҷмааи “Ваҳдати миллӣ”, Кохи ақди никоҳ ва бинои амфитеатр пешбинӣ шудааст, ки бояд то соли 2018 бунёд гардад.

Пас аз ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат дар иншооти наву замонавӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукӯҳи идона ба ифтихори 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Зимни суханронӣ қайд гардид, ки «Тоҷикистони соҳибистиқлол дар зарфи бист соли баъди имзои Созишномаи сулҳ роҳи пурифтихорро тай намуд ва зарур аст, ки сабақҳои ин корномаи таърихӣ ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ омӯзонида шаванд. Мо аз рӯзҳои аввал давлатдориро аз паёми сулҳ оғоз намудем ва ин сиёсатро ба хотири оромиву осоиши кишварамон, хушбахтиву сарбаландии халқи азизамон ва наслҳои ояндаи мардумамон минбаъд низ идома медиҳем. Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем». Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини ҳунарӣ, ки таҷассумгари дастовардҳои 20-соли Ваҳдати миллӣ буд, пешкаши иштирокчиёни ҷамъоамади идона карда шуд.